Музаффар Темурзода
Атахонов Музаффар Темурович | |
Таърихи таваллуд | 17 май 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | омӯзгорӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1980) |
Ҷоизаҳо |
Медали «Хидмати шоиста» (2018) Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011) Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Музаффар Темурзода (Атахонов Музаффар Темурович; зод. 17 майи 1958, Душанбе) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогика (2002). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Музаффар Темурзода 17 майи соли 1958 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хидматчӣ ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили мактаби № 7, (1965—1970), мактаби № 60 (1970—1975) шаҳри Душанбе, факултети индустриалию педагогии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1980).
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллими мактаби миёнаи № 83 ноҳияи Рӯдакӣ (1980—1983). Ассистент, аспирант, муаллими калони ДДОТ ба номи С.Айнӣ (1983—1995). Мушовир, мушовири калони Маркази таълимию методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. (1991—1992). Сардори шуъбаи Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—2003). Муовини садори Идора, сардори Идораи маълумоти ибтидоии касбӣ, директори Маркази ҷумҳуриявии хидмати илмию методии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003—2006). Сардори шуъбаи таҳлил ва рушди ислоҳоти соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006—2007). Муовини мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007—2014).
Мушовири Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014). Декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014—2017). Мудири кафедраи педагогика, психология ва рушди неруи инсонии Донишгоҳи давлатии Данғара (2018—2019) Сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017—2021). Корманди Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (аз 2021).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаррир ва таҷумони зиёда аз 20 номгӯй китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, муаллифи беш аз 50 мақолаҳои илмию методӣ.
Аз соли 2003 то соли 2021 дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилот ва тарбияи томактабӣ, таҳсилоти миёна, соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, соҳаи раҳнамоии касбии хонандагон, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи раҳнамоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла, Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012—2020, Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012—2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018—2022 ва ғайраҳо бевосита ширкат намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Корҳои амалӣ аз фанни геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ, дар 2 қисм, 288 с., воситаи таълимӣ, 2003, ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев;
- Политехнические основы трудовой и профессионально-технической подготовки молодежи Республики Таджикистан, 123 с., воситаи таълимӣ, 2005, ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев;
- «Мактаби олӣ», маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷилди 1, 528 с., Душанбе, 2007, «ИТЭС»;
- Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1088 с., Душанбе, 2007, «ИТЭС».
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рутбаи тахассусии «Мушовири давлатии дараҷаи 3»[1] (2007).
- Медали «Хидмати шоиста»[2] (2018).
- Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011).
- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 17 май
- Зодагони соли 1958
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ