Jump to content

Музаффар (амир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Музаффар (амир)
ӯзбекӣ: Muzaffaruddin ibn Nasrulla

Таваллуд 1834
Даргузашт 31 октябр 1885(1885-10-31)
Дудмон Манғит[d]
Падар Насруллоҳ
Фарзандон Абдулаҳад, Q12817132?, Q55655786?, Q12817138?, Said Akrom[d], Q55655780?, Q55655784?, Sayyid Mir Siddiqxon toʻra[d], Said Mir Mansur[d] ва Носируддин ибни амир Музаффар[d]
Эътиқод суннӣ
Ҷоизаҳо
Order of Saint Anna, 1st class

Сайид Музаффаруддин Баҳадурхон (1834, Бухоро31 октябр 1885, Қаршӣ) — амир, солҳои ҳукумронӣ дар аморати Бухоро (1860—1885)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз марги Насруллоҳ сентябри соли 1860 ба ҷойи ӯ писараш Музаффар ба тахти Аморати Бухоро нишаст. Сайид Музаффар Баҳодурхон писари ягонаи амир Насруллоҳ буда, тақрибан соли 1824 ё 1825 таваллуд шудааст. Падараш аз тарси ғасби тахт аз ҷониби писараш ӯро ба Қаршӣ равона карда буд ва дар 20 — солагиаш Музафарро ҳокими Кармина таъйин кард, ки то марги падар дар ин вазифа буд. Амир Музаффар 23 сентябри соли 1860 ба тахти Аморати Бухоро нишаст. Дар ду-се соли аввал, яъне зимистони соли 1862—1863 ба Деҳнаву Ҳисор ҳуҷум карда онҳоро гирифт ва аҳолии бисёреро қатл кард. Ҳокими Ҳисор Абдулкаримбий девонбегӣ бо писаронаш ба Кӯлоб гурехт. Амир Музаффар аз аввали музофоти Ҳисор то д. Вахш 10-15 ҳазор фуқароро бе ҷинояте ба қатл расонд. Амир Музаффар дарёи Вахшро гузашта ба ҳокими Кӯлоб Сарахон мактуб навишт ва талаб кард, ки Абдулкаримбийро бо тобеонаш фиристад. Сарахон аз тарси он, ки агар нафиристад, амир Музаффар ба сари вай меояд, ночор ҳамаро фиристод. Амир Музаффар ҳамаи онҳоро қатл кард.

Пас аз якчанд сол вазъи сиёсии Аморати Бухоро муташанниҷ шуд. Яке аз сабабҳо он аст, ки кенагасҳо дар Шаҳрисабз иттифоқ карда, онро аз дасти Ашӯрбекбий гирифтанд ва Ҳакимбеки очамилиро ҳоким таъйин карданд. Ба зудӣ вилояти Китобро низ аз дасти Зокирбекбий гирифта, Ҷӯрабекро ҳоким монданд. Амир Музаффар бо лашкараш 2 моҳ Шаҳрисабзро дар муҳосира нигоҳ дошт, вале ғалаба накарда сулҳ баст ва ба Бухоро бозгашт. Сабаб — ҳуҷуми Русияи подшоҳӣ ба Аморати Бухоро буд.

Тобеъият ба Русия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аморати Бухоро, нисбат ба Русия аз ҷиҳати тавоноии иқтисодиву ҳарбӣ хеле қафомонда буд. Бинобар ин амир Музаффар бар зидди Русия истодагари карда натавонист. Амир Музаффарро мағлубият аз Русия дар амалиётҳои ҷангии соли 1866 ва 1868 маҷбур сохт, ки бо Русия 23 июни соли 1868 шартномаи байни Русиява Аморати Бухоро имзо шуд, ки мувофиқи он аморати Бухоро вазифадор шуд аз заминҳои русҳо забтнамуда (бо шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах, Самарқанд, Каттақӯрғон) ба фоидаи Русиядаст кашад; ба Русия125 ҳазор тангаи тило (500 ҳазор рубли русӣ) товони ҷанг диҳад, дар ҳудуди Аморати Бухоро хатти телеграф гузаронад; ба тоҷирони Русияҳуқуқи озодона савдо карданро диҳад; дар Амударё ба киштигардии Русиямамоният накунад; ғуломдориро дар ҳудуди худ манъ намояд ва ғайра. Боз мувофиқи он амир бо дигар давлатҳо мустақилона муносибат карда наметавонист.

Ишғол ва ҳамроҳ шудани Аморати Бухоро ба Русияаҳамияти пешқадамонаи таърихӣ дошт. Дар натиҷа аҳолии Осиёи Миёна бо маҳсулоти нави фабрикавию заводии пешрафта ошно шуд. Аз Русиясамараҳои техникии замони нав аз қабили роҳи оҳан, поезд, телеграф, почта, аробаҳои сохти нав ва ғ. ворид шуданд. Русиядар Аморати Бухоро шаҳру маҳаллаҳо, иншоот, мактабҳои типи нав месохт, кӯчаҳои Бухороро васеъ мекард, бо шартномаи махсус ғуломфурӯшию мардумфурӯширо манъ кард.

Тобеъ намудани Бухорои Шарқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Амир Музаффарро мағлубият аз Русиява мулкҳои аз даст додааш (Хуҷанд, Ӯротеппа, Нов, Ҷиззах, Самарқанд, Каттақӯрғон) ором намегузошт. Ҷойи онҳоро мехост аз ҳисоби мулкҳои Бухорои Шарқӣ пур кунад. Солҳои 1870 бекигарии Ҳиссор, 1876—1877 бекигарии Кӯлоб ва Қаротегин ва 1877—1878 бекигарии Дарвозро дар натиҷаи ҳуҷуми ҳарбӣ ба тобеъияти аморат даровард.

Амир Соли 1881 амир Музаффар ордени аввалини Бухоро — «Нишони дору-л-салтанаи Бухорои Шариф»-ро таъсис дод. Дар солҳои 80 асри XIX дар Аморати Бухоро касалии вабо сар зад, ки аксари аҳолӣ талаф шуданд. Августи с.1885 ҳангоми сафари анъанавии худ амир Музаффар дар Қаршӣ ба касалии вабо гирифтор шуд ва сафарашро қатъ намуда ба Бухоро баргашт. Ӯ дар қароргоҳи худ — Ширбадан кариб ду моҳ табобат кард, лекин 28 сентябри ҳамон сол касалӣ боз аз нав хурӯҷ гирифт. Субҳи 31 октябри соли 1885 амир Музаффар аз олам чашм пӯшид. Ба тахти аморат писараш Сайид Абдулаҳадхон нишаст.[1]

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 126—128
  • Искандаров Б. Аморати Бухоро, ЭСТ, ҷ. 1. — Душанбе, 1978;
  • Аҳмад Махдуми Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития. — Сталинобод, 1960;
  • Исмоилова Б. История Бухарского эмирата. — Х., 2005;
  • Ғафуров Б., Тоҷикон, ҷ. 2. — Душанбе, 1985;
  • Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик. — Душанбе, 2007