Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Музораба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Музораба (ар. المضاربة) — дар фиқҳ шартномаест, ки миёни соҳибмол ва коргар баста мешавад. Музораба ба ин сурат баста мегардад, ки коргар (омил) бо сармояи соҳибмол ба тиҷорат пардохта, дар баробари кораш дар ҳиссаи фоида шарики тиҷорат мешавад. Музораба яке аз шаклҳои сармоягузорӣ дар қонуни молии исломӣ мебошад. Дар асоси шартномаи музораба миёни сарватмандон ва одамоне, ки дорои таҷрибаи тиҷоратанд, қарордод баста мешавад. Масалан, тарафи якум маблағи худро медиҳад ва тарафи дуюм барои ба даст овардани фоида донишу таҷрибаи худро бакор бурда, аз меъёри муайян фоида тақсим карда мешавад. Шартномаи музораба қарордоди шарикӣ барои ба даст овардани фоида аст, ки дар асоси он як ҷониб сармоядор (соҳибмол) медиҳад ва ҷониби дигар (музориб) қобилияти соҳибкории худро барои идоракунии сармоя ва ба даст овардани фоида, ки дар байни тарафҳо мувофиқи бандҳои шартнома мутаносибан тақсим гардидааст. Агар дар иҷрои шартнома зиён дида шавад, сармоягузор ба андозаи маблағи сармояи пешбинишуда зарар мебинад ва коргар дар баробари меҳнати худ подош намегирад. Музораба ба шартномаҳое марбут дониста шудааст, ки дар асоси принсипи идораи боэътимоди амвол асос ёфтаанд. Аз ин рӯ, музориб, ки сармоягузорӣ мекунад, барои талафоти эҳтимолӣ ҷавобгар нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки сармояро нодуруст истифода бурда, дар натиҷаи хунукназарӣ шартномаро вайрон кунад. Дар ҳар кадоме аз ин гуна ҳолатҳо музориб барои тамоми маблағе, ки тибқи шартномаи музораба гирифта мешавад, масъул мебошад. Ҳар яке аз тарафҳои шартнома метавонад шартномаи музорабаро якҷониба қатъ кунад, ба истиснои ду ҳолат: 1. Вақте ки музориб ба фаъолияти худ шуруъ кардааст. Дар ин маврид шартнома то ба итмом расидани лоиҳае, ки музориб мувофиқи нақшаҳои соҳибмол оғоз кардааст ё бо назардошти хусусиятҳои конструктории лоиҳа қатъ карда намешавад; 2. Вақте ки тарафҳои шартнома оид ба муқаррар намудани муҳлате, ки дар давоми он шартнома эътибор пайдо мекунад, розигӣ додаанд. Дар ин маврид шартномаро бе розигии тарафайн то ба охир расидани муҳлати муқарраршуда, катъ кардан мумкин нест. Созишномаҳои музораба номаҳдуд ва маҳдуд мешаванд: Шартномаи музорабаи номаҳдуд он аст, ки тибқи он, сармоягузор ба музориб имкон медиҳад, ки маблағҳои додашударо бидуни ягон маҳдудият тиҷоратеро ихтиёр кунад. Дар ин маврид музориб бар асоси эътимод ва таҷрибаи тиҷоратӣ дар анљоми муомилоти пулӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ озодии бештар дорад. Аммо чунин озодии номаҳдуд дар кор, бояд танҳо мувофиқи манфиатҳои тарафайн ва ҳадафҳои шартнома, ки ба даст овардани фоида аст, амалӣ карда шавад. Созишномаи маҳдуди музораба бошад, тибқи он, сармоягузор кори музорибро ба макони муайяни иҷрои шартҳои кор ё намуди мушаххаси сармоягузорӣ, ки бо соҳиби сармоя мувофақа карда, ба тиҷорат шуруъ мекунад. Сармоягузор метавонад дар доираи як муомила бо як ё якчанд нафар шартномаи музораба бандад. Ин маънои онро дорад, ки ӯ метавонад маблағҳои худро ба якчанд шарикон бо шарте пешниҳод кунад, ки ҳар кадоме аз онҳо тавонанд манфиатҳои худро ҳамчун музориб намояндагӣ кунанд. Саҳмияҳои музориб дар ин ҳолат бояд дар байни онҳо тибқи таносуби мувофиқашуда тақсим карда шаванд. Дар ин ҳолат ҳарду музориб бояд тиҷоратро якҷоя, ҳамчун ду шарик идора кунанд.

Спекуляция. Большая российская энциклопедия. М., 2004; مبانی داراب نبی‌زاده فقهی اقتصاد اسلامی. تهران،۱۳۸۵ ش