Муллошоҳ Давлатов
Муллошоҳ Давлатов | |
Таърихи таваллуд | 20 декабр 1942 (81 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Муллошоҳ Давлатов (20.12.1942, деҳаи Ҳадишаҳри ноҳияи Масчо), доктори илми таърих (2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муллошоҳ Давлатов факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро соли 1969 ба поён расонда, дар Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино аз фалсафа дарс гуфтааст. Солҳои 1980-1985 дар Афғонистон ба корҳои педагогӣ шуғл варзида, минбаъд дар макотиби олии пойтахт фаъолият доштааст. Солҳои минбаъда дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс додааст. Аз соли 1991 директории Омўзишгоҳи педагогии ноҳияи Масчоро ба зимма гирифтааст. Баробари корҳои педагогӣ ҳамвора ковиши илмӣ бурда, таълифоти чашмрас дар соҳаи таърих ба хидмат овардааст, доманаи пажўҳишаш васеъст. Солҳои охир ба муборизаи мардуми тоҷик алайҳи истилогарони муғул (асри 13) таваҷҷўҳи хос зоҳир намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Афғонистон дар масири таърих. – Д., 1985;
- Асосҳои ҷомеъашиносии илмӣ. – Кобул, 1982 (бо ҳуруфи арабӣ);
- Ҳадишаҳр ва ҳадишаҳриён. – Х., 1995;
- Омўзишгоҳ – маҳсули истиқлол. – Х., 2001;
- Сопротивление таджикского народа монгольскому завоеванию. – Д., 2007;
- Героическое противостояние таджикских городов против монгольских завоевателей (1219-1223). _ Д., 2008;
- Центральная Азия накануне и в период монгольского нашествия (1201-1223гг.): Дисс… доктора истор. наук. – Д., 2010.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 157.
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 20 декабр
- Зодагони соли 1942
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Мастчоҳ
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ