Jump to content

Мулло Камоли Бадахшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мулло Камоли Бадахшӣ

Мулло Камоли Бадахшӣ (форсӣ: ملا کمال بدخشی‎; ? — қарни XV) — шоири форс-тоҷики доираи адабии Самарқанд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тибқи маълумоти Навоӣ дар «Маҷолису-н-нафоис» ва Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» дар суханварӣ мартабаи олӣ дошта, аз саромадони шуарои он рӯзгор ба шумор мерафт. Шоири соҳибдевон. Дар миёни анвои ашъори девонаш, ки то ҳол дастрас нагардидааст, махсусан қасидаҳояш некӯ будаанд. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзу ҷунгҳо ба назар мерасанд. Абёти зерин аз ӯст:

Машшотае, ки мӯи туро шона сохта,
Арбоби ақлро ҳама девона сохта.
Аз қиссаи Сикандару Доро магӯ, ки чарх
Бисёр аз ин ҳикояту афсона сохта…
Паймона гиру соғару саҳбо талаб, ки давр
Сарҳо шикаста, соғару паймона сохта…
Чашми Бадахшӣ аз пайи осори мақдамат
Ҳар дам ҳазор гавҳари якдона сохта.

  • Ҳабибов А. Ганҷи Бадахшон. Д., 1972;
  • Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро. Д., 1999.