Jump to content

Маҷолису-н-нафоис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҷолису-н-нафоис
Нависанда Алишер Навоӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар чағатоӣ
Таърихи интишор 1498
Ҳаққи таксир 🅮[d] ва 🅮[d]

«Маҷолису-н-нафоис» (ар. مجالس‌النفائس‎) — тазкира, таълифи Алишери Навоӣ, ки дар соли 1491 (гузинаи дуюми мукаммалаш соли 1498) навишта шудааст.

«Маҷолису-н-нафоис» аввалин тазкираи узбекист, иборат аз 8 маҷлис (боб). Шарҳи ҳол ва намунаи осори 459 нафар шоирон, олимон, мусиқидонон, хаттотон, ҳомиёни илму адабиёти Мовароуннаҳру Хуросон ва кишварҳои ҳамсояро дар бар мегирад. Шарҳи ҳоли шоирону насрнависон дар «Маҷолису-н-нафоис» хеле мухтасар, намунаи эҷодиёти онҳо хеле кам (як-ду байт) аст. Бо вуҷуди он, ҳуҷҷати муҳими ҳаёти адабии асри 15 мебошад. Аз рӯи он бисёр хусусиятҳои адабиёти он давра, жанрҳои маъмули адабӣ ва ғайраро муайян кардан мумкин аст. Муал­лиф ҳамчун адабиётшиноси нуқтасанҷ ба эҷодиёти ҳар як шоир бо як-ду ҷумла бошад ҳам, баҳои холисона дода, ҳусну қубҳи осорашонро нишон медиҳад. Аз ин ҷиҳат «Маҷолису-н-нафоис» дар таъини ақоиди адабиву эстетикии Алишери Навоӣ аҳамияти хос дорад. «Маҷолису-н-нафоис»-ро Фахрии Ҳиротӣ (бо номи «Латоифнома») Ҳакимшоҳ, Муҳаммади Қазвинӣ ва Шоҳалӣ ибни Абӯалӣ дар ибт. асри 16 ба забони форсӣ (тоҷикӣ) тарҷума кардаанд.

  • Маҷолис-ун-нафоис / С. Воҳидов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).