Мулло Усмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мулло Усмонов
Мулло Усмонов
Санаи таваллуд:

15 август 1936(1936-08-15) (82 сол)

Зодгоҳ:

Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

тиб

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мулло Усмонов (15.08.1936, ш. Хуҷанд), доктори илмҳои тиб (1984), профессор (1987)

Зиндагинома[вироиш]

Мулло Усмонов 15 августи соли 1936 дар ш. Хуҷанд ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1961). Ординатори клиникӣ (1961-1963), аспирант, ассистент ва дотсент (1963-1990), мудир (1990-1994) ва профессори кафедраи анатомияи одами Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1994-2004), солҳои 1996-2003 ҳамзамон декани факултаҳои муолиҷавӣ ва тибби умумӣ буд. Аз соли 2004 вазифаи профессори кафедраи умумидонишгоҳии асосҳои дониши тиб ва мудофиаи граждании Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро иҷро кардааст.[1]

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Дар давоми фаъолияти илмиаш доир ба масъалаҳои таъсири шароити баландкӯҳ ба организм, системаи рагҳои дохилиузвӣ дар ҳолатҳои муқаррарӣ ва таҷрибавӣ, хусусиятҳои морфологӣ, макро ва микроскопии рагҳои давраи хурди гардиши хун ҳангоми ҷарроҳии шуш ва ғайра пажӯҳиш анҷом додааст. Зиёда аз 100 таълифоти илмӣ дорад.

Осор[вироиш]

  • Внутриорганная сосудистая система матки в норме и эксперименте. – Д., 1966;
  • Макро-микроскопическая и морфометрическая характеристика сосудов малого круга кровообращения при резенции различных областей легких: Дисс… доктора мед. наук. – Новосибирск, 1984;
  • Шуши ҷарроҳишуда. – Д., 1987;
  • Анатомияи одам (китоби дарсӣ). – Д., 1997;
  • Оперированное легкое. – Д., 1997.[2]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Бобокалонов А., Холҷўраев Ҳ., Шарипов Ш. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.
  2. Мулло Усмонов