Мумина Шовалиева
Мумина Содиқовна Шовалиева | |
Таърихи таваллуд | 1958 |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих, |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Алма-матер | ДДТ ба номи В.И.Ленин |
Ҷоизаҳо | медали «Хизмати шоиста» (2021), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
Мумина Содиқовна Шовалиева (тав. 1958, ноҳияи Рушон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) – олим, муаррих, мардумшинос, номзади илмҳои таърих. Дорандаи медали «Хизмати шоиста» (2021), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мумина Шовалиева соли 1958 дар шаҳри Душанбе, ҶШС Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Мактаби №1 ш.Душанберо соли 1965-1975 хатм намуд. Хатмкунандаи факултети таърихи ДДТ ба номи В.И.Ленин (1975 - 1980). Аз моҳи сентябри соли 1980 то ҳол дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва ходими пешбари илмӣ то ҳол кор карда истодааст. 19 сентябри соли 2019 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «История кулинарной культуры таджикского народа» дифоъ кардааст. Зиеда аз 100 мақола дар китобҳо ва маҷаллаҳои илмӣ нашр намудааст.[1]
Мукофотҳо ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- медали «Хизмати шоиста» (2021)
- «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Албоми аксҳои "Хӯрокҳои тоҷикон" дар доираи барномаи IEARN TAJIKISTAN "Фотожурналистика 2014: Мерос, гуруснагӣ ва амнияти озуқаворӣ", ки аз ҷониби Шабакаи Байналмилалии Маориф ва Захираҳои Тоҷикистон наш шудааст. Душанбе, 2014 (бо ҳаммуаллифӣ).
- Таърихи фарҳанги таббахии халқи. Муҳаррир Л. Додхудоева. Душанбе, 2015.
- Тоҷикистон. Тадқиқоти этнографии саҳроӣ 2013. Душанбе, 2014. (ҳаммуаллифӣ)
- Тоҷикистон: Зарафшани боло: Тадқиқоти саҳрои этнографии соли 2014. Душанбе, 2017.
- Тоҷикистон. Нуробод ва Роғун: Тадқиқотҳои саҳрои этнографӣ. Душанбе,2018
- Истеҳсолоти ҳунармандии Тоҷикистон (дар асоси маводи таҳқиқотии саҳроии солҳои 2013-2017)./ Мураттиб Н.К. Убайдулло, муаллифон-мураттибон Л.Додхудоева, З. Юсуфбекова, М. Шовалиева. Душанбе, 2019.[2]