Jump to content

Мумтоз Камолзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мумтоз Камолзода
Мумтоз Камолзода
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ санъатшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Алма-матер Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Донишгоҳи Тафтеи ИМА, Донишгоҳи Дареми Британияи Кабир

Мумтоз Камолзода (23.02.1987, Душанбе) — забоншинос, таърихшинос, тарҷумон, муҳаррир. Доктори илмҳои муносибатҳои байналмилалӣ (2015). Узви Гурӯҳи Гарвардӣ оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз (аз с. 2011), узви Клуби Флетчери Миллатҳои пасошӯравӣ (аз с. 2011), узви Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон (аз с. 2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мумтоз Камолзода факултаи муносибатҳои байналмилалӣ ва таърихи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (2008), факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Тафтеи ИМА (2012), факултаи таърихи санъат ва осорхонадории Донишгоҳи Дареми Британияи Кабирро хатм кардааст (2015). Дар Академияи тобистонаи дипломатияи Душанбе (2006), Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин (2007), Донишгоҳи филмшиносӣ ва аксшиносии Ҳиндустон (2009), Шуъбаи федералии ВКХ-и Швейсария (2010), Маркази Дэвис оид ба омӯзиши Россия ва АвруОсиёи Донишгоҳи Гарварди ИМА (2011), Мактаби ҳуқуқ ва дипломатияи Флетчери ИМА (2011), Донишгоҳи Гарварди ИМА (2011–12) такмили ихтисос намудааст. Пас аз хатми ДСРТ омӯзгори забон, фарҳанг ва таърихи Чин (2007–2008), ассистенти маъмурияти ҳайати вакилони Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон (2009) будааст. Ғолиби Олимпиадаи забони русии кишварҳои ИДМ (Арманистон, 2003), Олимпиадаи забони хитоӣ (Тоҷикистон, 2005), Олимпиадаи забони англисӣ (Тоҷикистон, 2005).[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6