Мунаввара Шарофова
Мунаввара Шарофова | |
Таърихи таваллуд | 22 ноябр 1955 (68 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2004) |
Мунаввара Шарофова (тав. 22.11.1955, ноҳияи Панҷ), муаррих, номзади илмҳои таърих (2010). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2004)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Cолҳои 1973–1978 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1978–1983 муаллими фанни таърих ва директори хонаи пионерон ва мактаббачагони ноҳияи Панҷ, 1983–1992 ҷонишии директор ва директори мактаби шабона ва ғоибонаи ноҳияи Шаҳритус, 1992–1997 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи №36 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1997 то ба имрӯз ҳамчун муаллими калони кафедраи таърихи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои таҳсилоти касбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 40-80-уми асри ХХ кори илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2004) ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009) сарфароз карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Становление и развитие профессионально-технического образования в Таджикистане (1946–1990), Д., 2008;
- Профессионально-техническое образование в Республике Таджикистан во второй половине 40-х-80-х годов ХХ века, Д., 2010;
- Подготовка молодежи Таджикистана в профтехучилищах России в 80-х годов ХХ века // Известия АН РТ, Д., 2009. №1;
- Профессионально-техническое образование Таджикистана в (1981- 1990гг.) // Вестник Таджикского национального Университета, Д., 2010, №2.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 22 ноябр
- Зодагони соли 1955
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷ
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо