Jump to content

Мунира Иноятова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мунира Иноятова
1994 — 2000
Пешгузашта Бозгул Додхудоева
Ҷонишин Сафаралӣ Раҷабов

Таваллуд 5 феврал 1948(1948-02-05) (76 сол)
Таҳсилот Институти сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкан
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои педагогика
Касб омӯзгорӣ

Мунира Иноятова (Иноятова Мунира Абдуллоевна; зод. 5 феврали 1948, Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — сиёсатмадор ва омӯзгори тоҷик, номзади илмҳои педагогика (1998)[1]. Академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия. Корманди шоистаи Тоҷикистон. Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994—1994).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти давлатии педагогӣ (1970) ва Институти сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошканд (1986). Муаллими мактаб дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (1970-1971), муаллимаи мактаби № 29 шаҳри Душанбе (1971—1976), муаллима, ҷонишини директори мактаби № 48 (1976—1979), директори мактаби № 65 шаҳри Душанбе (1979—1981), ҷонишини раиси ҳукумати ноҳияи Октябр (1981—1983), котиби КП ноҳияи Марказӣ (1983—1986), раиси Комитети иттифоқи касабаи кормандони илм ва маориф (1986—1987), котиби ҲК шаҳри Душанбе (1987—1989), ҷонишини вазири маориф (1989—1990), ҷонишини аввали раиси Комитети кормандон ва тайёр кардани кадрҳо (1990—1993), ҷонишини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1993—1994), Вазири маориф (1994—2000), мушовири давлатии Президенти ҶТ (2000—2001), мудири шуъбаи илм ва таълими Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (2001—2003), ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон. Корманди шоистаи Тоҷикистон.