Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мурат Журинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мурат Журинов
Журинов Мурат Журинович
Таърихи таваллуд 7 декабр 194(0194-12-07)
Зодгоҳ ш. Арис Қазоқистон
Кишвар
Фазои илмӣ олим
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия[d]
Ҷоизаҳо
Medal "10 Years of Independence of the Republic of Kazakhstan" medal "10 years of the Constitution of Kazakhstan" Medal commemorating 10 years of the Parliament of the Republic of Kazakhstan medal commemorating 50 years of the Virgin Lands medal "for 20 years of Kazakhstan's independence" Order of the Leopard Order of Parasat
State Prize of the Republic of Kazakhstan
Medal for the 20th anniversary of the Constitution of Kazakhstan

Журинов Мурат Журинович (тав.1941 Ҷумҳурии Қазоқистон) ходими давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон. Доктори илми химия (1981), профессор (1981). Академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон (1994), Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2010). Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон (2003 – то имрӯз).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Журинов Мурат Журинович Институти химияву технологияи Қазоқистонро хатм кардааст (1964), ихтисос- «химия». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таҳқиқи амали электрохимиявии навъҳои гуногуни таркибҳои органикӣ, коркарди равишҳои таркиби электрохимиявии маводи фаъоли физиологӣ. Муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи Институти химияву технологияи Қазоқистон (1970-1982), ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Қараганда Ҷумҳурии Қазоқистон (1982-1985), директори Институти синтези органикӣ ва химияи ангишти АИ ҶШС Қазоқистон (1985-1991), ректори Донишгоҳи давлатии Туркистон ба номи А.Ясавӣ (1991-1995), раиси Маркази илмии Туркистони Шуъбаи Қазоқистони ҷанубии АИМ Ҷумҳурии Қазоқистон (1993), вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон (1995-1997), президенти Донишгоҳи байналмилалии қазоқиву туркии ба номи А.Ясавӣ (1997-2001), мудири озмоишгоҳ, директори Институти катализи органикӣ ва электрохимияи АИМ Ҷумҳурии Қазоқистон (2001-2007), мушовири сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон (аз с.2007). Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон (2003 – то имрӯз).

  • Бо ордени «Парасат» тақдир шудааст.
  • Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи илм, техника ва маориф (2003),
  • Ҷоизаи байналмилалии ҷаҳони турк (Анкара).
  • Бо медали нуқраи ба номи В.И.Вернадский (2004),
  • медали тилои Донишгоҳи Токио,
  • медали тилои Анҷумани илмиву истеҳсолии Франсия (Париж)
  • Анҷумани «Иқболи тилоӣ»-и (АИМ Украина)
  • ва мукофотҳои дигар тақдир шудааст.[1]
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.