Муриват Бекназаров
Муриват Бекназаров | |
|---|---|
| Бекназаров Муриват Дамбураевич | |
| Таърихи таваллуд | 10 май 1943 (83 сол) |
| Зодгоҳ: | ноҳияи Ванҷ |
| Мамлакат: | |
| Жанр | наққошии манзара[d], такчеҳра ва табиъати беҷон |
| Унвонҳо | Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1997) |
Муриват Бекназаров (Бекназаров Муриват Дамбураевич; 10 майи 1943, деҳаи Садваги ноҳияи Ванҷ, ВМКБ) — рассом, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов (1963) ва Донишкадаи театрӣ-бадеии ш. Тошканд (1970). Солҳои 1971-84 муаллими Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов буд. Аз соли 1985 рассоми Фонди бадеии Тоҷикистон.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Доираи эҷодаш фарох буда, дар жанрҳои манзаранигорӣ, суратнигорӣ (портрет), натюрморт (расми чизҳои беҷон), композитсия бомуваффақият қувва озмудааст. Асарҳояш бо бадеият, ҷозибӣ, латофату зебоӣ диққати бинандаро ҷалб менамоянд. Дар пешбурди санъати тасвирии дастгоҳӣ ва монументалии тоҷик саҳм гузоштааст. Композитсияҳои «Чойхона дар Исфара», «Субҳи колхоз», «Микрорайони нав», «Нонпазӣ», «Гулдӯзон», «Пеш аз ид», манзараҳои «Тобистон дар кӯҳҳо», «Зимистон», «Бадахшон», «Самарқанд. Шоҳи Зинда», «Бодом гул мекунад», портретҳои «Гулбаҳор», «Духтари сафедпӯш», «Санъатшинос Наҷафов», ва ғ. бо услуби хос эҷод гардида, анъанаҳои беҳтарини санъати тасвирии миллиро тақвият бахшидаанд. Бекназаров як қатор иншооти маъмурию маданиро дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Ваҳдат, Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Рӯдакӣ бо маҳорати баланд оро додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Tajik Artists/Murivat Bekhnazarov Бойгонӣ шудааст 16 июли 2011 сол.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бекназаров Муриват // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 10 май
- Зодагони соли 1943
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ванҷ
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон дар Викианбор
- Рассомон аз рӯи алифбо
- Арбобони ҳунари Тоҷикистон
- Рассомони Тоҷикистон