Jump to content

Муродалӣ Алимардон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муродали Алимардонов)
Муродалӣ Алимардон
Таваллуд 20 апрел 1960(1960-04-20) (64 сол)
Таҳсилот

Муродалӣ Алимардон — ходими давлатӣ, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013—2015).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1983 шуъбаи молиявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1983 дар филиали «Агробонк»-и Чептура кор кардааст. Соли 1991 ба ҳайси идоракунандаи шуъбаи «Агробонк»-и ноҳияи Ҳисор фаъолият намудааст. Аз охири соли 1993 чун президенти Бонки саноати аграрии «Шарқ» адои вазифа кардааст. Аз декабри соли 1996 то соли 2008 ба ҳайси раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин карда шуд.[1] Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.

23 ноябри соли 2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.[2] 1 апрели соли 2015 аз ин вазифа озод карда шудааст.[3] Ҳоло ба ҳайси Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» фаъолият мебарад.