Муродбек Насриддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Муродбек Насриддинов
Санаи таваллуд

3 ноябр 1951(1951-11-03) (67 сол)

Зодгоҳ

деҳаи Мадрушкат, ноҳияи Мастчоҳ, вилояти Ленинобод

Кишвар

 Тоҷикистон

Ҷоизаҳо

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1988)
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (1998)

Муродбек Насриддинов (тав. 3 октябри 1951, деҳаи Мадрушкат, ноҳияи Мастчоҳ, вилояти Ленинобод) — сарояндаи тоҷик. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1988). Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома[вироиш]

Муродбек Насриддинов 3 октябри соли 1951 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Ҳанӯз тифл буд, ки меҳри санъати овозхонӣ дар дилаш шуъла мезад. Аз ҷониби дигар падараш, ки санъатдӯст буд ин ҳама ба илҳоми сарояндагии Муродбек шира афзуд. Бобои ин машшоқи санъат Муродбек ном дошт ва сароянда ё худ дуторнавози моҳир низ буд. Ана ин аст сарчашмаи дигари илҳоми Муродбек Насриддинов. Як сарчашмаи дигари табъи зариф ва латифи Муродбек ҳамон такбайтиву рубоиҳои хоси мардуми Мастоҳ аст. Зимнан, бояд қайд кард, ки дар водии Зарафшон махсусан дар Мастчоҳ, дуторнавозиву байту рубоисароӣ аз ҳолу ҳавои вижае бархӯрдор аст. Такбайтиҳо (фардҳо) бештар байти аввали рубоиро мемонанд ва мардум аз он дар базму мотам, сари хирманҳо, сари куҳҳо, сари чашмаҳо, роҳҳои печопечи гарданаҳо, дар танҳоӣ ва миёни маъракаҳо фаровон мегӯянду медонанду мехонанд ва Муродбек ҳам аз ин маҳфилҳои мардумӣ сабақ омӯхтаву ганҷи ҳунар андӯхтааст. Муродбек дар баробари сарояндагӣ фарди босавод будааст.

Соли 1968, баъди хатми мактаби миёна се сол муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кардааст. Ӯ мегуяд агар дар дили инсон меҳри санъат мавҷуд бошад, ӯ ҳатман ба дараҷаи ниҳоии ин касб мерасад, аммо роҳи санъат заҳмату меҳнати зиёдро талаб мекунад. Бинобар ин, ӯ ба касби сарояндагиаш эътимоди қавӣ, ки дошт дигар илмҳоро низ аз худ кардан мехост. Бо ин мақсад, соли 1971 дар шуъбаи рӯзонаи факултаи табиатшиносӣ бо ихтисоси географ-биолог таҳсил кард. Ин илмҳоро ҳам омӯхт. Ҳамзамон дар чорабиниву маҳфилҳои гуногун иштирок намуда, сурудхонӣ мекард. Соли 1974 дар фестивал-озмуни «Бӯстон», бахшида ба 50-солагии ҶШС Тоҷикистон штирок карда, соҳиби 10 хол гардид. Пас аз ин, дилаш ӯро нагузошт, ки дар дигар соҳа фаъолият кунад. Аз ин хотир, аз соли 1976 баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор омад. То соли 2014, яъне 38 сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор намуд. Дар ин боргоҳи ҳунар аз устодони санъат Зафар Нозимов ва Ҷӯрабек Муродов бисёр нозукиҳои мусиқии касбиро омӯхт ва бо мурури замон худ соҳиби сабки хос ва мактаби хеш гардид. Акнун ӯ устоди мумтози санъат аст. Чунки мусиқии касбии тоҷикро омӯхт, ташаккул дод ва пос дошт. Чуноне, ки худ мегӯяд: «Мусиқӣ пок аст, ин илҳоми Худовандист ва бояд мо онро пок нигоҳ дорем». Ана ҳамин садоқатмандӣ буд, ки ӯро ба ин сатҳи устодӣ расонид.

Эҷодиёт[вироиш]

Аз оҳангҳои эҷодкардаи ӯ ба мисли: «Ин кист?», «Хумореву хуморе» (ғазали Мавлавӣ), «Мо донему дӯст» (ғ. Камол), «Эй шоҳиди қудсӣ», «Эй хусрави хубон» (шеъри Ҳофиз), «Мезанад борон ба шиша», «Санаме» (ш. Лоиқ), «Дилбараки шӯх» (ш. Ваҳобӣ) ва чанд тани дигар барномаи таронаҳои Муродбекро рангину дилнишин ва шуниданӣ сохтаанд.

Ин дилбохтаи санъат дар тӯли фаъолияти босамари хеш, зиёда аз сад тарона офаридааст, таронаҳои рангоранг ва гаронсанг. Ҳамкории эҷодиаш бо Лоиқ, Гулназар, Олимхон, ва ғ. сурат гирифтааст.

Яке аз паҳлуҳои муҳими эҷодиёти Муродбек Насриддинов ҳам дар он аст, ки ӯ сурудҳои фолклорӣ яъне, намудҳои гуногуни рубоиҳои мардуми Мастчоҳро зинда гардонид, эҳё кард, ташаккул дод ва на танҳо дар Тоҷикистон, балки ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муродбек Насриддинов бо кулбори пур аз суруду таронаҳояш, ба бисёр давлатҳои дунё амсоли Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Яман, Ироқ, Голландия, Франсия, Япония ва ғ. сафари ҳунарӣ намуда, ганҷинаҳои фолклори тоҷикро муаррифӣ намудааст.

Ҷоизаву унвонҳо[вироиш]

Муродбек Насриддинов барои хизматҳои шоистааш дар рушди мусиқии тоҷик соли 1988 ба унвони Ҳунарманди хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон ва соли 1998 бо унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]