Jump to content

Муродилло Нуруллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муродилло Нуруллоев
Таърихи таваллуд 15 ноябр 1953(1953-11-15)
Зодгоҳ деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 23 сентябр 2018(2018-09-23) (64 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор

Муродилло Нуруллоев (15 ноябри 1953, деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон — 23 сентябри 2018, Тоҷикистон) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нуруллоев Муродилло 15 ноябри соли 1953 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ адои хидмати Ватан намуда, сипас соли 1975 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ин боргоҳи илму маърифатро соли 1980 бо ихтисоси физика хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро соли 1980 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ оғоз намудааст. Аз соли 1980 то соли 1997 дар вазифаҳои лаборанти калон (1980—1981), мудири лабораторияи таълимии факултети физикаи ДМТ (1981—1983), аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ (1983—1986), ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ (1986—1990), муаллими калон, сипас иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ (1990—1993), докторанти кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ (1993—1996), муовини ректори ДМТ оид ба илм (1996—1997), сардори шуъбаи илм ва таъбу нашри Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997—2003), ҳамзамон дотсенти кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ (2000—2003), сардори шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии Хадамоти давлатии аттестатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2003 то лаҳзаҳои охири ҳаёт дар вазифаи профессори кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ кор кардааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъд аз хатми шуъбаи аспирантура зери унвони «Межмолекулярные взаимодействия в жидком морфолине и его растворах по данным инфракрасной спектроскопи» соли 1987 рисолаи номзадӣ ва соли 2002 дар мавзӯи «Влияние замещения на спектроскопические и донорно-акцепторные свойства органических соединений различного класса[1]» рисолаи докториашро ҳимоя намуда, муаллифи зиёда аз 150 мақолаю фишурдаи илмӣ, китоби дарсӣ ва васоиту дастурҳои таълимию методӣ мебошад, ки онҳо дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ ба нашр расидаанд[2][2].

Муродилло Нуруллоев барои хидматҳои бисёрсола дар соҳаи илму маориф ва тарбияи ҷавонон бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадршиносӣ шудааст.

Муродилло Нуруллоев 23 сентябри соли 2018 аз олам даргузашт.

  1. Нуруллоев Муродилло. Влияние замещения на спектроскопические и донорно-акцепторные свойства органических соединений различного класса. Научная электронная библиотека disserCat.
  2. 2.0 2.1 Сироҷиддини Эмомалӣ, Меҳрдод Ёров. Ба муроди дили халқ бояд зист. omuzgor-gazeta.tj. Нашрияи Омӯзгор (13 май 2020). 10 июни 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)