Jump to content

Муртазо Мушфиқи Козимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муртазо Мушфиқи Козимӣ
форсӣ: سید مرتضی مشفق کاظمی
Таърихи таваллуд: 1887
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1978
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: тарҷумон, нависанда, рӯзноманигор
Забони осор: фаронсавӣ

Муртазо Мушфиқи Козимӣ (форсӣ: مرتضی مشفق کاظمی‎; 1887, Теҳрон1978, Порис) — нависанда, яке аз поягузорони румони иҷтимоӣ дар адабиёти муосири Эрон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш Мирзо Ризо дар тарбияти шахсияти ӯ нақши муассир дошт. Козимӣ нахуст дар хона, назди муаллимони хусусӣ сипас, дар Дорулфунун ва дигар мактабҳои Теҳрон таҳсили илм кардааст. Ҳангоми таҳсил ӯ ба достонҳои пурмоҷарои мардумӣ ва румонҳои таърихии ба форсӣ тарҷумашуда таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Барои идомаи таҳсил ба Олмон (1920) сипас, ба Фаронса муҳоҷират карда, ба омӯзиши илмҳои ҳуқуқ ва сиёсат пардохт. Дар Берлин ба узвияти ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Эроншаҳр» ва «Фарангистон» дохил шуд. Козимӣ баъди бозгашт аз Аврупо (1927) сармуҳаррири маҷаллаҳои «Эрони ҷавон» ва «Фалоҳат ва тиҷорат» буд. Баъдан дар вазоратҳои адлия ва корҳои хориҷӣ ба кор даромад. Соли 1934 муовини вазири корҳои хориҷии Эрон ва чанде вазири мухтори Эрон дар Сурия, сафири Эрон дар Миср, Ҳинд ва чанд кишвари Аврупо буд.

Козимӣ ҳангоми мактабхонӣ ба сурудани шеър оғоз карда, тахаллуси «Мушфиқ»-ро баргузид, аммо дар назм муваффақ нашуд ва ба румоннависӣ рӯ овард. Дар 18-солагӣ (1922) китоби якуми румони «Теҳрони махуф»-ро навишт. Ӯ барои нашри ин китоб маблағ надошт ва онро барои чоп ба рӯзномаи «Ситораи Эрон» фиристод. Сардабири ин нашрия пас аз хондан, ин асарро бо осори В. Ҳуго ва А. Франс муқоиса кард ва онро дар рӯзнома ба сурати поварақӣ чоп кард. Он танҳо соли 1927 ба шакли китоб нашр гардид. Дар насри достонии навини форсӣ бори нахуст тавассути ин асар сохти иҷтимоӣ, фисқу фуҷури табақаи ҳоким ва беҳуқуқиву хору забунии зан дар ҷомеаи Эрони ибтидои қарни XX маҳаки тасвири бадеӣ қарор гирифта, таназзули ахлоқии занон матраҳ шудааст. «Теҳрони махуф» бо равияи реализми интиқодӣ иншо гардида, барои рушди баъдии жанри румон (ба мафҳуми аврупоии он) дар адабиёти муосири форсӣ замина фароҳам овард. Баъдан, чопи ин асар дар Эрон манъ карда шуд. Аз ин рӯ, китоби дуввуми он бо номи «Ёдгории як шаб» соли 1924 дар Берлин ба нашр расид. «Теҳрони махуф» ба чандин забон, аз ҷумла русӣ, озарӣ, узбекӣ, литвонӣ, туркӣ, ҳиндӣ ва урду тарҷума ва чоп шудааст. Қисми аввали онро соли 1940 Ҷ. Икромӣ барои хонандагони тоҷик ба хатти кириллӣ таҳия ва нашр намуд. Ду румони дигари Козимӣ, «Гули пажмурда» (1929) ва «Рашки пурбаҳо» (1930) натавонистанд ҳамчун «Теҳрони махуф» ба муаллиф шуҳрат оранд. Козимӣ солҳои охири зиндагиаш асари ёддоштии худ «Рӯзгор ва андешаҳо» (солҳои 1971 ва 1973)-ро дар ду ҷилд ба табъ расонд.