Jump to content

Мусаллама Мухторова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мусаллама Мухторова
Мусаллама Шодиевна Мухторова
Таърихи таваллуд 26 июн 1950(1950-06-26)
Зодгоҳ Душанбе
Ҷоизаҳо

«Аълочии фарҳанги ҶТ» (1996), «Аълочии телевизиони Тоҷикистон» (2008)

Мусаллама Мухторованаттоқи телевизион, рӯзноманигор, муҳаррири барномаҳои телевизиони тоҷик, барандаи намоишномаи телевизионии «Кошона», «Аълочии фарҳанги ҶТ» (1996), «Аълочии телевизиони Тоҷикистон» (2008).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мусаллама Мухторова 26 июни соли 1950 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари мактаби миёнаи №53 ш. Душанбе (1967). Фак. забонҳои хориҷии (бахши англисӣ)-ро рӯзона (1979) ва баъд факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченкоро ғоибона хатм кардааст (1989). Фаъолияти кориаш ҳанӯз аз давраи мактабхониаш оғоз шудааст. Иштирокчии аксарият намоишномаҳои бачагонаи Телевизиони Тоҷикистон, аз ҷумла барандаи намоишномаи «Субҳи пионерӣ» (1963-1970), барномаи иттилоотии КДТР Тоҷикистон (1970-2000), барномаҳои махсуси Телевизиони Тоҷикистон дар бораи 50 - солагии ҷумҳуриҳои ИҶШС (1967), барномаи телевизионии «Ҳамсолон», «Дугонаҳо», «Бӯстон» (I, II, III), таъсисгар ва барандаи барномаи телевизионии «Бону» (1998-2010). Ғолиби Озмуни байналмилалии эҷодии «Барномаи худ» дар Италия (1976). Аз соли 1997 – барандаи намоишномаи телевизионии «Кошона»-и Телевизиони Тоҷикистон. Бо Ифтихорномаҳои Ҳукумати ҶТ (2001) ва соҳавии «Чароғаки сабз» мукофотонида шудааст.[1]