Муслима Амонова
Амонова Муслима Нуровна | ||
![]() | ||
Таърихи таваллуд: | 1 март 1957 (66 сол) | |
Зодгоҳ: | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон | |
Кишвар: |
![]() |
|
Фазои илмӣ: | филология | |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология | |
Алма-матер: | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1980) | |
Ҷоизаҳо: |
|
Муслима Амонова (Амонова Муслима Нуровна; тав. 1 марти 1957, Душанбе) — омӯзгор, номзади илмҳои филология (2016).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Муслима Амонова дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи №46 ш. Душанбе (1973) ва факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1975-80). Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва ҷонишини директор оид ба илми мактаби миёнаи №46 ш. Душанбе, устоди калони кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат (1994) шуда, фаъолият карда истодааст[1].
Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Муслима Амонова муаллифи як силсила мақола ва дастурҳои илмию методӣ мебошад. Соли 2016 рисолаи илмии номзадиашро дар мавзӯъи «Хусусиятҳои услубии лексика ва морфологияи «Сафарнома»-и Носири Хусрав»[2] дифоъ намудааст.
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Муслима Амонова бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст (2017).
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забон:дар ҳайати устодони кафедра - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат. dsx.tj. 13 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 сентябри 2016.
- ↑ Стилистические особенности лексики и морфологии (именные части речи) «сафарнаме» Носира Хусрава. www.dslib.net. 13 Декабри 2017 санҷида шуд.