Мушаки зидди жола
Мушаки зидди жола — мушакест барои пешгирии бориши жола.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1960 корҳои зидди жола дар назди Маркази илмӣ-тадқикотӣ ва метеорологии институти Осиёи Миёнаи экспедитсияи зидди жолаи Ҳисор таъсис дода шудааст. Рӯзӣ 5 майи соли 1963 дар водии Ҳисор майдони 46 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ, хусусан пахта, ангур ва дигар зироатҳо пурра бар асари боридани жола нобуд шудаанд.
Бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 6 марти соли 1964 «Дар бораи таъмини кори доимии экспедитсияи зидди жолаи Ҳисор», бо 5 адад нуқтаҳои мушакпарронӣ таъсис дода шуда буд. Баъди ин соли 1967 дастаи зидди жолаи ноҳияи Орҷоникидзеобод бо 7 адад нуқтаҳои мушакпарронӣ, соли 1968 дастаи зидди жолаи ноҳияи Регар бо 5 адад нуқтаҳои мушакпарронӣ таъсис дода шудааст.
Аз соли 1971 корҳои зидди жола дар водии Вахш оғоз гардид ва ҳамон сол дастаи зидди жолаи ноҳияи Колхозобод бо 6 адад нуқтаҳои мушакпарронӣ таъсис дода шуда, ҳифзи зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои ноҳияҳои ноҳияи Колхозобод ва баъзе қисматҳои ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Вахшро аз бориши жола ҳифз менамуд.
Соли 1976 дастаи зидди жолаи ноҳияи Бохтар (Курғонтеппа) бо 7 адад нуқтаҳои мушакпарронӣ таъсис дода шуда буд, ки зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои ноҳияҳои Бохтар, Ғозималик, Хоҷамастон ва ноҳияи Вахшро аз бориши жола ҳифз менамуд.
Ҳамзамон соли 1980 дастаи зидди жолаи ноҳияи Ёвон бо 5 адад нуқтаҳои мушакпарронӣ таъсис дода шуда буд, ки заминҳои кишоварзии ин ноҳияро аз жола ҳифз менамуд.
Дар солҳои 1980—1990-ум дар қаламрави ҷумҳурӣ 6 адад дастаҳои зидди жола ва 36 адад нуқтаҳои мушакпарронӣ майдони 690 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат, Бохтар, Вахш, Ҷиликўл, Хоҷамастон Ёвон ва Ғозималикро бо истифода аз таъҷҳизоти зидди жола ҳифз менамуданд.
Бояд гуфт, ки бар асари воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дастаҳои зидди жола дар ҷумҳурӣ пурра аз фаъолият бозмонда буданд. Сарраёсат фаъолияти худро солҳои 1994—1997 аз сар гирифт, соли 1998 3 дастаи зидди жола дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Ёвон ба роҳ монда шуд.
Баъди анҷоми ҷанги дохилӣ ва имзои созишномаи сулҳ суббот ба кишвар баргашт ва хадамоти жола низ чун аксари ниҳодҳои дигар фаъол гардид ва ҳоло яке аз муҳимтарин ниҳод дар мубориза зидди жола ба ҳисоб меравад. Солҳои 2010—2016 дастаҳои зидди жола қисман бо дастгоҳҳои мушакпарронии автоматикунонидашудаи «Элия-2» таъмин карда шуда, барои таъмини ҳифзи зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои ҷумҳурӣ аз офатҳои табии бориши жола аз мушакҳои зидди жолаи «Алазан-6» истифода мекунанд[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Саҳифае аз таърих: Корҳои зидди жола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.khf.tj. КҲФ Тоҷикистон. 21 апрели 2020 санҷида шуд.