Jump to content

Ноҳияи Турсунзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Регар)
Ноҳияи Турсунзода
Ноҳияи Турсунзода дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Марказ: Турсунзода
Замони таъсис : 19 январи соли 1935
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 1175,4 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 9
Мардум
Аҳолӣ (2022) : 320,2 ҳаз. кас[1]
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : FA
ISO-намоя : TJ.RR.FA
Пешшумора : +992 3130
Нишонии почта : 737450
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 07РТ

Ноҳияи Турсунзода яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 19 январи соли 1935 бо номи ноҳияи Регар таъсис ёфта аст. Соли 1978 барои ёдбуди Мирзо Турсунзода ноҳияи Турсунзода номида шуд. Маркази ин ноҳия - шаҳри Турсунзода - 60 км ғарбтар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Ноҳияи Турсунзода бо сарзамине 1175,4 км² дар водии Ҳисор воқеъ аст. Дар шимол ва шарқ бо ноҳияи Шаҳринав ва дар ҷануб ва ғарб бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҳаммарз аст.

Бино бар саршумори соли 2010 аҳолии ноҳия 195,0 ҳаз. тан бошанда доштааст. [2] Мардуми ноҳияи Турсунзода ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан мегӯянд.

сол 2014 2015 2019 2020 2022
шумора
(ҳаз. нафар)
210,6 214,9 238,9 243,1 298,5[3]


Ноҳияи Турсунзода 1 шаҳр - Турсунзода ва 9 ҷамоат дорад: Гарав, Қаратоғ, Киров, Навобод, Пахтаобод, Якуми май, Работ, Сешанбе, Чапаев.

Ҷамоатҳои ноҳияи Турсунзода
Ҷамоат Аҳолӣ
Турсунзода, шаҳр 55700
Регар 19080
Қаратоғ 37948
10-солагии Истиқлолият 29492
Навобод 36979
Пахтаобод 9690
Турсун Тӯйчиев 23911
Работ 13053
Сешанбе 15197
Ҷӯра Раҳмонов 33405

Сарвари ноҳияи Турсунзода Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Сарзамине, ки ҳамакнун ноҳияи Турсунзода дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (форсӣ: «شومان»‎) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (форсӣ: «سومان»‎) низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[4] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон воқеъ буд.

Вожаи «Регар»-ро ба се калимаю ибораи исми хос: «Регарддарё», «Корхонаи рехтагарӣ» ва «Масҷиди Ҳоҷа Орифи Ревгарӣ» мансуб донистан мумкин аст. Соли 1927 дар ҳайати Ҷумҳурии Худмуҳтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон ноҳияи Қарато ва баъд аз таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон, соли 1929 ноҳияи Шаҳринав ташкил ёфт. 19 январи соли 1935 ноҳияи Шаҳринав ба ду ноҳия: Шаҳринав ва Регар тақсим шуд ва маркази ноҳияи нав шаҳраки Регар (Ҳисори Поён, дар 3 км самти арбии шаҳри ҳозираи Турсунзода) интихоб гардид. Моҳи ноябри соли 1936 ноҳияи Регар ба 2 ноҳия: Регар ва Пахтаобод ҷудо шуд (сарҳади ноҳияҳо дарёи Ширкент буд). 19 январи соли 1940 маркази ноҳия аз шаҳраки Регар ба истгоҳи қатораи «Регар» (ҷойи ҳозираи шаҳр) кӯчонида шуд ва 7 декабри соли 1952 бо қарори Президуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба маркази ноҳия – Регар мақоми шаҳрро доданд. 7 августи соли 1959 ноҳияи Пахтобод ва ҷамоати деҳоти Қаратои ноҳияи Шаҳринав ба ноҳияи Регар ҳамроҳ карда шуд. Бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба ифтихори шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода 6 декабри соли 1979 ноҳияи Регар номи шаҳри Турсунзодаро гирифт.

  1. Мақбараи Хоҷа Нақшрон – деҳоти Т. Туйчиев
  2. Мақбараи Эшони Ҳидоятуллоҳи Офоқхоҷа – деҳоти Қаротоқ
  3. Мақбараи Хоҷа Муҳаммад Солеҳ – деҳоти Қаротоқ
  4. Масҷиди Хоҷа Рӯшноӣ – деҳоти Қаротоқ
  5. Мазори катибадори Муҳаммадибий – деҳоти Қаротоқ
  6. Мазори Шайх Эшони Шоҳмансури Самарқандӣ – деҳоти Қаротоқ
  7. Мақбараи Баҳовуддини Балогардон – деҳоти Навобод
  1. Қултеппа – деҳаи Ғайрат, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
  2. Тӯятуттеппа – деҳаи Чириштеппа, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
  3. Оққӯрғонқалъа – деҳаи Оққӯрғон, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
  4. Чучуқайтеппа – деҳаи Оққӯрғон, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
  5. Долонсойтеппа – деҳаи Долонсой, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
  6. Мингдонатеппа – деҳаи Заркамар, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
  7. Арабтеппа – деҳаи Заркамар, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
  8. Мазортеппа – деҳаи Ғайрат, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
  9. Қулоқлитеппа – деҳаи Қулоқлитеппа, деҳоти 1-Май
  10. Теппа – деҳаи Янгиобод, деҳоти 1-Май
  11. Қӯрғончаи охир – деҳаи Шайх Музаффар, деҳоти 1-Май
  12. Теппа – деҳаи Тошобод, деҳоти Навобод
  13. Чиртактеппа – деҳоти Навобод
  14. Закоттеппа – деҳоти Навобод
  15. Кофиртеппа – деҳоти Навобод
  16. Гулчайтеппа – деҳоти Навобод
  17. Қаротеппа — деҳоти Навобод
  18. Каттатеппа – деҳоти Навобод
  19. Кимзарартеппа — деҳоти Навобод
  20. Балогардонтеппа — деҳоти Навобод
  21. Қурбонкӯсатеппа — деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  22. Оқтеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  23. Гултеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  24. Гулзилзилатеппа –  деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  25. Заргартеппа – деҳаи Шарқ, деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  26. Чинортеппа – деҳаи Чинор, деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  27. Қизилхишттеппа – деҳаи Лоҳутӣ, деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  28. Чоргултеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  29. Ҷарқишлоқтеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  30. Қӯштеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  31. Ӯзбеконтеппа -, деҳоти 10-солагии Истиқлолият
  32. Коррези Тешуктош – деҳаи Қаратоқ, деҳоти Қаратоқ
  33. Ғаровтеппа – деҳаи Ғарав, деҳоти Ғарав
  34. Қӯрғонтеппа – деҳоти Регар
  35. Пашмикӯҳна – қисмати шимолии дарёи Ширкент
  36. Тандирйӯл – наздикии ҳудуди деҳоти Пахтаобод
  37. Дутеппа – 61-62 км роҳи Душанбе – Деҳнав

Ноҳия ба истеҳсоли пахта, ғалладона, шоликорӣ ва боғу токпарварӣ машғул аст. Дар соли 2016 111,9 гектар токзор ва боғ бунёд шудааст. Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” бо сарвари Ҳоҷи Камол соҳиби ҳашт адад сардхонаи замонавӣ буда дар онҳо то 450 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад. Хоҷагии деҳқонии “Ватан” бо сарвари Ҳоҷи Неъмат соҳиби 18 гектар замин аст. Баъди ворид кардани пойгоҳи обкашӣ 60 гектар замини санглохи хоҷагӣ ба парвариши маҳсулот ворид гардида токзори нав бунёд шуд. [5]

  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. |Шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷилди I (нашри расмӣ) - Душанбе: "Ирфон", 2012, - с.27. 18 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 сентябри 2016.
  3. Таърихи шаҳр – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода (tj-TJ). 14 октябри 2022 санҷида шуд.
  4. «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110
  5. Турсунзода ва истиқлолияти миллӣ //Тоҷикистон, 7 сентябри с. 2016, с 12