Жола

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Жола дар Австралия

ЖОЛА, ҷола, барад, тагарг, тагарк, шахкоса, дул, сангак, қатрахои бороне, ки аз таъсири хавои сард ба ях мубаддал мегарданд. Андозаи донахои жола аз 5 то 55 мм (баъзан зиёдтар) мешавад. Масалан, 6 май 1966 дар райони Файзобод (водии Ҳисор) донаи Жолаи вазнаш 790 г-ро дарёфта буданд. Жола одатан нимаи дуюми баҳор ва аввали тобистон ҳангоми раъду барқ ва аз 20°С зиёд будани харорати ҳавои назди сатҳи замин ва зиёда аз 10 м/сон. будани суръати ҳавои болобароянда бо селборон якҷоя меборад. Жола дар ҳудуди ҷумҳури ниҳоят нобаробар меборад. Микдори рӯзхои жоланок хусусан дар поёноби дарёи Кофарниҳон кам аст (дар 10 сол 1— 3 рӯз); дар водии Вахш бошад, дар 10 сол 1—6 рӯзро ташкил медиҳад. Жола алалхусус дар Помир кам мебо¬рад (дар 10 сол 3—6 рӯз). Дар во¬дии Ҳисор, ки нисбат ба дигар водиҳо Жола бештар меборад, миқдори рӯзхои жоланок зиёд аст (соле 2— 3 рӯз) Жола ба хоҷагии қишлоқ зарари калон мерасонад, киштзору токзор, гулу меваи дарахтон ва ҳатто чорвою паррандаҳоро нобуд мекунад. Зарари Жола. махсусан ба ниҳолҳои наврустаи пахта зиёд аст. Жола пеш соле то 46 ҳазор га киштзори водии Ҳисорро но¬буд мекард. Ҳоло дар р-нҳои Турсунзода, Ҳисор ва вилояти Хатлон гуруҳои зидди Жола амал мекунанд. Барои пешгирй намудани Жола бо ёрии ракетаву снарядҳо дар кабати абрҳои жолаовар моддаҳои махсус (одатан дуди иодиди нукра, гази карбонат ва ғайраҳо) паҳн мекунанд. Дар натиҷа донаҳои Жола калон нашуда, поён мефароянд ва ҳангоми дохилшавй ба қабатҳои ҳавои гарми наз¬ди замин ба борон табдил меёбанд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки то 70—80%-и киштзор аз зарари Жола. махфуз дошта шавад. 2) Шабнамро низ Жола мегуянд.