Муҳаммадалӣ Азизӣ
Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ | |
Таърихи таваллуд | 1 март 1970 (54 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм (2015) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Муҳаммадалӣ Азизӣ (зод. 1 марти 1966, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, олим, дотсент, ходими ҷамъиятиву давлатӣ, доктори илмҳои педагогӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2005) ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2013).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ 1 марти соли 1970 дар деҳаи Гулобод, хоҷагии “Дӯстӣ”-и ноҳияи ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Соли 1977 ба синфи 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 рафта, онро бомуваффақият хатм намудааст. Соли 1988 ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1993 ба итмом расонид.
Афсари эҳтиётӣ, дорои рутбаи ҳарбии подполковник мебошад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.
Кор ва собиқа
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1993 то соли 2000 омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики Омӯзишгоҳи касбӣ- техникии №28-и шаҳри Душанбе буд. Сипас аз соли 2000 то 2002 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Душанбе ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия фаъолият кардааст. Аз соли 2002 то соли 2004 дар вазифаҳои мутахассис, сармутахассис, муовини сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 2004-2009 сармутахассис доир ба ислоҳоти Маркази идораи Лоиҳаи системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз моҳи август то ноябри соли 2009 дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мудири шуъбаи корҳои маъмурӣ ва ташкилӣ фаъолият намуд. Солҳои 2009-2012 роҳбарии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро ба зимма дошт. Сипас, аз 2012 то 2015 мудирияти шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо дар ӯҳдаи худ дошт. Соли 2015 директори «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, то соли 2017 дар ин мақом фаъолияти худро идома дод. Аз соли 2017 то июни соли 2021 сардори сарраёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буд. Ҳоло эксперти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадалӣ Азизӣ соли 2009 дар мавзуи “Нақши ғояҳои педагогии классикони форсу тоҷик дар рушди муассисаи таълимии муосир” диссертатсияи номзадӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ, аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 - Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот гардид. Тӯли чанд сол дар кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуда, дорои унвони илмии дотсент гардидааст.
Соли 2018 диссертатсияи докториашро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ, аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 - Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот дар мавзуи “Ҳамгироии тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ дар фаъолияти кишваршиносии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дифоъ намуд. Ҳоло ҳамзамон дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад.
5 монография, беш 20 адад китобу дастурҳои таълимӣ, қариб 200 мақолаҳои илмию методӣ ба қалами Азизӣ тааллуқ доранд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2005);
- «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013).
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Донишномаи Донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI»