Муҳаммад ибни Тоҳир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муҳаммади Тоҳир)
Jump to navigation Jump to search
Муҳаммад ибни Тоҳир
Муҳаммад ибни Тоҳир
Амири Хуросон
862 — 873

Муҳаммад ибни Тоҳир - амири Хуросон аз хонадони Тоҳириён (862-873)

Охирин намояндаи Тоҳириён Муҳаммад ибни Тоҳир (862-873) дар умури давлатдорӣ шоистагии падару бобояшро надошт ва машғул ба айшу ишрат буд. Дар аҳди ҳукумати ӯ қиёми алавиёни Табаристон авҷ гирифта, шӯриши айёрон бо сарварии Яъқуб ибни Лайс шиддат гирифт. Дар охири давраи ҳукмронии Тоҳириён танҳо пойтахт Нишопур дар ихтиёри онҳо қарор дошту бас. Яке аз минтақаҳои ноороми Тоҳириён Табаристон буд, ки дар ин ҷо шӯришҳои пай дар пайи алавиён сар зад ва боиси тамоман заиф шудани қудрати Тоҳириён шуд. Дур шудан аз мардуми оддӣ ва фаромӯш сохтани арзу ниёзи мардуми ситамкашида Тоҳириёнро аз такягоњи иҷтимоӣ маҳрум сохт ва ин сабаби аслии заволи қудрати онҳо гардид.[1]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011. – с. 96-97.