Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Муҳаммад ибни Тоҳир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад ибни Тоҳир ибни Абдуллоҳ
ар. محمد بن طاهر بن عبدالل
862 — 873

Таваллуд 840-ум ё 850-ум
Даргузашт 910
Падар Тоҳир ибни Абдуллоҳ

Муҳаммад ибни Тоҳир ибни Абдуллоҳ (ар. محمد بن طاهر بن عبدالله‎), Муҳаммади Хуросонӣ (форсӣ: محمد خراسانی‎; 840-ум ё 850-ум, Нишопур910) — вопасин амири тоҳирии Хуросон (862—873), амири Бағдод (885—889), писари Тоҳир ибни Абдуллоҳ.

Муҳаммад ибни Тоҳир дар умури давлатдорӣ шоистагии падару бобояшро надошт ва машғул ба айшу ишрат буд. Дар аҳди ҳукумати ӯ қиёми алавиёни Табаристон авҷ гирифта, шӯриши айёрон бо сарварии Яъқуб ибни Лайс шиддат гирифт. Дар охири давраи ҳукмронии Тоҳириён танҳо пойтахт Нишопур дар ихтиёри онҳо қарор дошту бас. Яке аз минтақаҳои ноороми Тоҳириён Табаристон буд, ки дар ин ҷо шӯришҳои пай дар пайи алавиён сар зад ва боиси тамоман заиф шудани қудрати Тоҳириён шуд. Дур шудан аз мардуми одӣ ва фаромӯш сохтани арзу ниёзи мардуми ситамкашида Тоҳириёнро аз такягоҳи иҷтимоӣ маҳрум сохт ва ин сабаби аслии заволи қудрати онҳо гардид[1].

  1. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011. — с. 96-97.