Яъқуб ибни Лайс

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
یعقوب لیث
Яъқуб ибни Лайс
Noimage.svg
Зодрӯз
Вазифа амир

Яъқуб ибни Лайс – нахустин амири Давлати Саффориён, (873-879) .

Сарсулолаи хондони Саффориён Лайс, ки ба мисгарӣ машѓул буд (ва бо забони арабӣ ин шуѓлро саффор меноманд), чањор писар дошт, ки дар айёми нобасомони миёнаи ќарни IX ҳамагӣ ба ҷангу сипоҳ сару кор дошт ё ба таъбири дигар ба роҳзанӣ машѓул буданд. Халифаи Баѓдод барои фурӯ нишонидани ошӯби хориҷиён дар Хуросону Сиистон Солеҳ ибни Насрро фиристод. ӯ бо шикаст додани хориљиён ва сомон бахшидани авзои минтаќа дар чашми њукуматдорон ва миёни мардум мањбубият пайдо кард. Пас аз фавти Солењ љойнишини ӯ Дирҳам ибни Ҳасан натавонист, ки миёни лашкариён нуфузу эътибор пайдо кунад. Яъќуб бо тарафдоронаш аз фурсат истифода бурда, қисме аз дастаҳои ѓозийнро низ ба тарафи худ кашид, идораи кишварро ба даст гирифт ва соли 861 Сиистонро пурра тасарруф намуд. Сипас ҳокими Кобулро бо найранг ба ҳалокат расонида, байни солҳои 862-866 Ҳирот, Пушанг, Балх, Бомиён ва Форсро аз дасти маъмурони Тоҳириён берун кард. Соли 873 аз фориѓболии Муҳаммад ибни Тоҳир – охирин амири тоҳирӣ истифода карда, дарбори ӯро ба сӯйи хеш љалб кард ва дар муҳорибаи сарнавиштсоз нерӯҳои онро торумор карда, Нишопурро ба даст даровард.

Яъқуб соли 879 вафот кард. Яъқуби Лайс бузургтарин чеҳраи сиёсӣ ва қаҳрамони набарди истиқлолхоҳии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр буд.[1]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихихалқитоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011. –с. 99.

Пайвандҳои беруна[вироиш]