Jump to content

Муҳаммадкозими Козимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадкозими Козимӣ
Таърихи таваллуд: 10 январ 1968(1968-01-10) (56 сол)
Зодгоҳ: Ҳирот, Афғонистон
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:
Жанр: шеър
Забони осор: форсӣ
mkkazemi.com

Муҳаммадкозими Козимӣ (форсӣ: محمدکاظم کاظمی‎; зод. 10 январ 1968, Ҳирот) — шоир ва нависандаи афғонистонист. Козимӣ узви гурӯҳи илмии бурунмарзии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аст.[1] Соли 2016 (1395-и хуршедӣ) дабири илмии 11-умин Ҷашнвораи шеъри Фаҷр интихоб шуд. Ӯ барандаи нахустин ҷашнвораи байналмилалии шеъри Фаҷр дар бахши форсизабонон буд.[2]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадкозими Козимӣ соли 1354 ба Кобул кӯчид, то соли охирини мактаби миёна дар Кобул таҳсил кард. Ӯ соли 1363 ба Эрон омад ва аз Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад дараҷаи бакалавриро дар риштаи муҳандисии сохтмон гирифт.[3] Фаъолияти адабии худро соли 1365 оғоз кардааст. Соли 1367 ба гурӯҳи шеъри Ҳавзаи ҳунарии Машҳад ва соли 1369 ба Анҷумани шоирони инқилоби исломии Афғонистон пайваст; ва то солҳои хафтодум онро идома дод. Интишори маснавии «Бозгашт»-и ӯ дар моҳи апрели соли 1370 мояи шуҳраташ гашт.

Дар баробари навиштани шеър, дар заминаҳои омӯзиши шеър, баргузории маҳфилҳои анҷуманҳои адабии муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон, интишори нақдҳо ва мақолоте дар матбуот, таълиф ва вироиши китобҳое дар заминаи забон ва адабиёти форсӣ фаъолият кардааст. Ҳамкорӣ бо бахшҳои ҳунару адабиёти рӯзномаи «Қудс» ва масъулияти сафҳаи адабии ин рӯзнома ва узвият дар ҳайати таҳририяи фаслномаҳои «Дурри дарӣ» ва «Хатти севум» ва узвият дар муассисаи фарҳангии Дурри дарӣ аз ҷумлаи фаъолияти дигари ӯ аст. Вай ҳамчунин таҷрибаи масъулияти дафтари ҳунар ва адабиёти Афғонистон (1369 то 1375), узви ҳайъати таҳририяи нашрияҳои «Ҳарӣ» ва «Найнаво», масъулияти ҷаласаи нақд ва пажӯҳиши шеъри Ҳавзаи ҳунарии Хуросони Разавӣ ва масъулияти ҷаласаи нақди «Офтобгардонҳо» дар Машҳадро дар корномаи худ дорад. Шеъри «Мусофир»-и ӯ дар китоби Адабиёти форсии соли дувуми[4] мактабҳои миёнаи Эрон ба чоп расидааст.

Китобшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Пиёда омада будам: маҷмӯаи шеър, чопи сеюм, Сураи Меҳр, Теҳрон, 2008.
  • Равзана: Маҷмӯаи омӯзишии шеър (чопи панҷум, Сапедабоварон, Машҳад, 2016)
  • Шеъри порсӣ (чопи панҷум, Сапедабоварон, Машҳад, 2018),
  • Калиди дари боз: раҳёфтҳое дар шеъри Бедил, (нашри аввал, Сураи Меҳр, Теҳрон, 2007).
  • Ҳамзабонӣ ва безабонӣ, (чопи аввал, Интишороти Ирфон, Теҳрон, 2002),
  • Расади субҳ: хониш ва нақди ашъори ҷавонони имрӯз, (чопи дувум, Сураи Меҳр, Теҳрон, 2010).
  • Қиссаи сангу хишт (гузидаи ашъор), (чопи шашум, «Китоби Найистон», Теҳрон, 1390)
  • Куфрон (гузидаи ашъор), чопи дувум, Нашри Тико, Теҳрон, 2008.
  • Гузидаи ғазалиёти Бедил, (чопи дувум, Ирфон, Теҳрон, 2008),
  • Гузидаи рубоиёти Бедил, (чопи аввал, Сапедабоварон, Машҳад, 2018),
  • Ин қанди форсӣ: форсии дарӣ дар Афғонистони имрӯз, Ирфон, Теҳрон, чопи аввал, 2009
  • Мураққаъи садранг: Сад рубоӣ аз Бедил (чопи севум, Сапедабоварон, Машҳад, 2018)
  • Даҳ шоири Инқилоб (чопи аввал, Сураи Меҳр, Теҳрон, 2010)
  • Шеъри муқовимати Афғонистон, (гирдоварӣ, бо ҳамкории Муҳаммадосафи Раҳмонӣ), Теҳрон, Ҳавзаи ҳунарии Созмони таблиғоти исломӣ, 1369
  • Гузидаи адабиёти муосир, маҷмӯаи шеър 49; «Китоби Найистон», Теҳрон, чопи аввал, 1378; чопи дувум, 1380.
  • Гузидаи Девони Бедил, Беҳнашр, чопи аввал, 1392.
  • «Шамшеру ҷуғрофиё» маҷмӯаи шеърҳо; Сапедабоварон, чопи аввал, 1392; чопи дувум, 1393

Илова бар инҳо метавон гирдоварии девони Халилуллоҳи Халилӣ ва виростории китобҳое чун «Афғонистон дар панҷ қарни ахир»-и Мирмуҳаммадсиддиқи Фарҳанг, «Нақди Бедил»-и Салоҳиддини Салҷуқӣ, «Осори Ҳирот»-и Халилуллоҳи Халилӣ, «Ахлоқи никумохус»-и Салоҳиддини Салҷуқӣ., «Таҷаллии Худо дар офоқ ва анфус»-и Салоҳиддини Салҷуқӣ, «Афғонистон дар қарни бистум»-и Зоҳири Танин, «Ҳазораҳо»-и Ҳасани Пӯлодӣ ва «Шиносномаи Афғонистон»-и Басираҳмади Давлатободӣ ном бурд.

  1. فرهنگستان زبان و ادب فارسی. web.archive.org (6 Январ 2017). 25 феврали 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 Январ 2017.
  2. برگزیدگان نخستین جشنواره شعر فجر معرفی شدند(форсӣ). خبرگزاری مهر | اخبار ایران و جهان | Mehr News Agency (13 феврали 2007). 25 феврали 2024 санҷида шуд.
  3. нусхаи бойгонӣ. web.archive.org. 25 феврали 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 июли 2022.
  4. ادبیات فارسی (۲) — ۲۲۰/۱ — شرکت چاپ و نشر کتاب‌های درسی، ۱۳۸۸
  • Китобнюз
  • [0794928380://www.farda.org/articles/kazem_kazemi/shere_bazgasht_k.htm Вебгоҳи Фардо]

Пайванди беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • mkkazemi.com — вебгоҳи расмии Муҳаммадкозими Козимӣ