Муҳаммаднурӣ Усмонов
Усмонов Муҳаммаднурӣ | |
Таърихи таваллуд | 1924 |
Зодгоҳ | Русия |
Фазои илмӣ | олим |
Усмонов Муҳаммаднурӣ (злд. 1924, Русия) — олим, доктори илми филологӣ (1970), профессор (1987). Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кардааст (1950). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих ва матншиносии адабиёти тоҷику форс, луғатшиносии тоҷику форс, тарҷума ва тафсири Қуръон ба забони русӣ. Корманди илмӣ, мудири бахш, сарходими илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1954—1997). Сарходими илмии шуъбаи шарқшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Маркази илмии Доғистони АИР, сарходими илмӣ ва ҳамзамон профессори кафедраи филологияи эронӣ ва туркӣ, директори Институти исломшиносии Донишгоҳи давлатии Доғистон (1997- то имрӯз).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбоби шоистаи илми Федератсияи Русия (2003).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ФР дар соҳаи илм ва техника (2002).
- Узви вобастаи Пажӯҳишгоҳи шоҳии афкори исломии Урдун (1984).
- [1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |