Муҳаммадшариф Гулханӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Муҳаммадшариф Гулханӣ
Таърихи таваллуд: солҳои 70-уми асри XVIII
Зодгоҳ: деҳаи Булкоси ноҳияи Рашт
Навъи фаъолият: шоир

Муҳаммадшариф Гулханӣ - шоири форсу тоҷик асрҳои XVIII - XIX

Зиндагинома[вироиш]

Муҳаммадшариф Гулханӣ солҳои 70-уми асри XVIII дар деҳаи Булкоси ноҳияи Рашт, дар оилаи дехкони камбагал таваллуд шудааст. Дар назди Имоми деҳа тахсил карда, хату савод мебарорад. Лекин душвории иктисодии оила мачбур месозад, ки диёрашро тарк кунад. Вай ба Қӯқанд меравад. Дар он чо аввал бо мардикори ва пас ба хизмати аскари ҷалб мешавад. Он вактхо хони Куканд тоҷикони кӯҳистонро ба хизмати аскари кабул мекард. Гулхани ба сипохи хоси хони Куканд Олимхон (1799-1809) қабул шуда, дар Фарғона хизмат кардааст. Дар ин кор хам ӯ хаёти кашшокона ба сар бурдааст, ки ин дар ашъори шоир акс ёфтааст.

Лекин мухочират ба Фаргона ва хизмат дар дарбор барои ташаккули ҷаҳонбинии ӯ замина шуда, барои ҳамчун шоири пешкадами давр тарбия ёфтанаш асос гардид. Хизмат ва зиндагии дарбори имконият дод, ки вай бо хаёти дарбориён, муфтхури ва фиску фучури табакаи хукмрон аз наздик шинос шавад. Пас аз вафоти Олимхон Гулхани дар хизмати Умархон монда, баъдтар ба катори шоирони дарбор дохил шуд. Гулхани дар дарбор факат шоири мукаллид ва мадохи хоси амир шуда намонд, балки нисбат ба ахли дарбор ва табакаи хукмрон назари танкидии худро изхор мекард. То охири умраш Гулхани зиндагии кашшокона аз сар гузаронид. Дар баробари ин ӯ бо ахли ҳунар шиносои ва дӯсти пайдо карда буд. Ин дӯсти, хамкори бо адибони ҳунарманд ба ташаккули ҷаҳонбини ва эҷодиёти шоир таъсири калон гузошт. Дар ин чо ӯ забони узбекиро хеле хуб аз худ кардааст. Гулхани асархояшро дар ду забон –тоҷики ва узбеки навиштааст. Кисми зиёди ашъори шоир, аз ҷумла девони шеърхояш, ҳанӯз дарёфт нашудааст. Холо танхо якчанд ғазал ва қасидаҳои Гулхани ва асари насрии «Зарбулмасал» дастрас аст. Шоир дар баъзе шеърҳояш «Гулхани» дар баъзеашон «Чуръат» тахаллус гирифтааст. Дар диёраш (Рашт) чун «шоири кӯҳсор» (бо тахаллуси Фазлии Намангони) ном баровардааст. Ба тарзи кинояву хачв фош намудани нуксонҳои хаёти иҷтимоӣ ва фиску фучури табакаи хукмрон моҳияти аслии эҷодиёти Гулханиро ташкил медихад. Намунаи барчастаи эҷодиёти адиб асари "Зарбулмасал" мебошад. Нависанда дар зимни ҷудоии буму зог хулку атвори ахли замонро бо рамзу тамсил тасвир карда, кирдори ношоистаю разолати онҳоро фош кардааст. Ин асар ба забони узбеки навишта шудааст. Персонажҳои он паррандагон мебошанд, ки фитнаю найранги амиру ҳоким ва ахли дарборро ифода мекунанд. Гулхани шеърхояшро низ ба танкиди камбудию нуксонҳои чомеа, беадолатии амиру ҳоким бахшидааст. Гулхани дар эҷодиёташ нотарсона фикрҳои танкидии худро нисбати синфи хукмрон ва бенавоию бекадрии ахли илму ҳунар изхор кардааст. Як ғазали дар бораи ахволи бади зиндаги, хатто нони хурдани надоштанашро мисол меорем, ки бо шеваи кӯҳистони эҷод шудааст:

Нунум бидеҳ[вироиш]

Хазратум, аз гушнаги мурдум, ба ман нунум бидех,
Кофирум гуюм агар, инум бидех, унум бидех.
Гандуму мошу биринчам дех, ки даркори хамуст,
Ман намегуям акику лаълу марчонум бидех.
Аз тихидасти агар нукар мурад, хайф аст, хайф,
Эй табиби хозики нукар, ту дармонум бидех.
Чумла деху нун зи ранча фока мегардон халос,
Кай туро гуфтум, ки бар ман ганҷи Корунум бидех.
Гулханиро ай катори баччамардун кам мадон,
Футаву шофам бидех, аспум бидех, тунум бидех.

Намунаҳо аз ашъри Гулханӣ[вироиш]

Эй бути ширинлабу симинтану рангинқабо,
Пой то Сар ҷилваи макру Фану нозукадо.
Мазҳари ҷавру ҷафоау зулм, ҳам бедоду кин,
Дар сипеҳри дилрабоӣ моҳи бемеҳру вафо.
Мубталои холлу зулфу оразу чашми ту буд,
Ҳиндуву кашмирию румиб туркони хито.
З-оташи шамъи рухат парвона бесабру шикеб,
Ҳусн – саркаш, ишқ – ғолиб, ман – забун, дил – бенаво.
Бар тамошоят нигоҳи нотавонам кай рассад,
Гар набошад ёди мижгонат ба дасти ӯ асо?
Менадонам бисмили нози кадомин бевафост,
Аз тапиданҳои дил дар гӯш меояд садо,
Зиндагониро ба рағми даҳр то кай, Гулханӣ?
Чанд гӯӣ ёр бераҳму фалак ноошиност.
Гӯиё аз парда акси рӯйи ёр омад бурун,
Ашки шодӣ аз раҳи мижгон қатор омад бурун,
Тоири рӯҳам чу барги бед меларзад ба хеш,
Шаҳриёри ман магар баҳри шикор омад бурун?
Бишканад машшотаро дасте, ки бо он зулф бурд,
Пеш-пеши шона дил ҷойи ғубор омад бурун,
Мисраи рангин ба хотир омаду пиндоштам,
Юсуфе аз Мисри раъноӣ ду бор омад бурун.
Тухми уммеде, ки мо киштем ҳар ҷо ҳафт-ҳашт,
Панҷаи моро аз он кай панҷу чор омад бурун?
Қиссаи Фарҳоду Ширин маҳв зери хок шуд,
Тешаи моро садо аз кӯҳсор омад бурун.
Хомаамро, Гулханӣ, ғайр аз хамӯшӣ чора нест,
Дар фани шеър он фариди рӯзгор омад бурун.
Ҳадисе з-он даҳони лаъли шаккарпарвар, эй тӯтӣ,
Фурӯ магзор ӯро, он чӣ дорӣ музмар, эй тӯтӣ.
Димоғи гуши ҷонро бӯйи нутқат атрҳо дорад,
Зи коми дигарӣ бошад, зи коми дигар, эй тӯтӣ.
Замини лафз рангинам макун, магзор маъюсам,
Зи Ҳиндӯстони маънӣ ҳар чӣ дорӣ овар, эй тӯтӣ.
Зи нутқи рӯҳпарвози сиҳисарвони симинбар
Макаш ҷинси хиҷолат назди шоҳи кишвар, эй тӯтӣ.
Зи қонуни муҳаббат нағмае нашнуда бигзаштӣ,
Магасосо зи шаҳди ишқдасте бар сар, эй тӯтӣ.
Ба ранги хома умре бо сияҳрӯӣ ба сар рафтам,
Ба чандин қатъи сар як кучароҳи мистар, эй тӯтӣ,
Ба сарви шамъ чуғзе қумрии парвоз менозад,
Бинозад Гулханӣ садчанд бар хокистар, эй тӯтӣ.