Муҳаммадюсуфи Баёнӣ
Таърихи таваллуд: | 1859 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1923 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | ӯзбекӣ |
Баёнӣ (тахаллус; номи аслиаш Муҳаммадюсуфи Бобоҷонбек; 1858, деҳаи Бадрхони назди Хева – 1923, Хоразм) — шоир, хаттот, муаррих ва тарҷумони ӯзбек.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷавонӣ ба таҳсили илм шуғл варзида, забонҳои форсӣ, арабӣ ва илми тибро омӯхт. Мадрасаи Шерғозихони Хеваро хатм карда, устоди хатҳои сулс, куфӣ ва шикаста буд. Солҳои 1911–14 асари таърихии «Шаҷараи Хоразмшоҳӣ»-ро навишт, ки таърихи Хоразмро аз давраи истилои муғул то воқеаҳои таърихие, ки дар хонии Хева ибтидои садаи XX ба амал омадаанд, дар бар мегирад. Дар асар, аз ҷумла дар бораи ба Россия ҳамроҳ карда шудани хонии Хева, ки муаллиф шоҳиди ин воқеаи таърихӣ буд, маълумоти ҷолибе фароҳам омадааст. Баёнӣ аз форсӣ «Таърихи Табарӣ» (таҳрири Балъамӣ), «Шайбонинома»-и Биноӣ (1915), аз арабӣ «Саҳоифу-л-ахбор»-и Дарвеш Аҳмадро (1901) ба узбекӣ тарҷума кардааст. Маҷм. «Шуарои форс»-ро (1900) китобат намудааст. Дар солҳои охири ҳаёташ баъди барпо шудани Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм дар идораҳои маорифи халқ кор кардааст. Аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ буд. Девони ашъор ва асарҳои ба қалами Баёнӣ мансуббуда таҳти рақамҳои 7421, 1120, 7106, 6666 дар Институти шарқшиносии АИ Узбекистон маҳфузанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғазалиёт. Тошкент, 1962.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- منیروف ق.، مونس. اثرهای تاریخئ آگهی و بیانی، تهران، ۱۹۶۰
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.