Хонии Хева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Хонии Хева
Хоразм
кишвари мустақил (аз 1512 то 1740)

протекторат (аз 1740 то 1747)[1]
кишвари мустақил (аз 1747 то 1873)
протекторат (аз 1873 то 1917)
кишвари мустақил (аз 1917 тоо 1920)

1512 — 1920


Flag of Khiva 1920-1923.svg
Bandera de Khiva 1917-1920.svg
Дирафш
Хивинское ханство.png
Парчам то 1917
Пойтахт Хева
Забон(ҳо) ӯзбакӣ, порсӣ[2]
Дин ислом (сунниҳо, тасаввуф)
Шакли ҳукмронӣ подшоҳии мутлақ
(аз 1740 тоо 1747 под протекторатом Персии[1];
с 1873 по 1917 под протекторатом России)

Хонии Хева (ӯзбакӣ: Xiva Xonligi) — давлати феодалӣ дар Осиёи Миёна, ки соли 1512 Элбарсхон (ҳукмр. 1511—1538), писари Беркасултон аз авлоди Ҷӯҷӣ ташкил карда буд.

Ҷуғрофиё[вироиш]

Ба ин хонӣ воҳаи қадимии зироаткории Хоразм, заминҳои туркманнишини Манқишлоқ дар маҳалли кӯҳҳои Балхаш, Деҳистон ва қисми шимоли Хуросон дохил мешуданд. Аҳолии Xонии Xева асосан авлодони сокинони қадимаи Хоразм, қабилаҳои гуногуни туркман ва узбекҳои бодиянишин буданд, ки бо зироат ва чорводорӣ машғул мешуданд.

Таърих[вироиш]

Соли 1740 Нодиршоҳ (1736—1747) Xонии Хеваро ишғол кард, вале соли 1747 вай истиқлолияти худро боз ба даст овард. Соли 1763 ба сари давлати Xонии Xева намояндаи феодалони ӯзбек Муҳаммад Амин (1763—1790) омад, кн дар аҳди ӯ ҷангҳои байниқабилавии феодалӣ сусттар шуд ва ин боиси таракқӣ кардани косибӣ ва тиҷорат гардид. Ин процесс то охири асри 18 ва нимаи якуми асри 19 давом кард.

Соли 1804 дар Xонии Xева сулолаи қунғуротҳо қатъиян пойдор гардид, ки он то 1920 давом кард. Намояндаи ин сулола Муҳаммадраҳими I (1806—1825) сохти давлатдории мамлакатро ба тартиб дароварда, Шурои олиро таъсис дод, дар соҳаи молия ислоҳот гузаронд, боҷхона ва сикказании тангаи тиллоро ба роҳ монд, ҳамаи мулкҳои хурди мустақил, аз ҷумла қароқалпоқҳои озодӣ дӯст ро низ ба худ тобеъ намуд. Соли 1873 дар Xонигарии Xева протекторати Россия барқарор гардид. Агарчанде ҳукумати подшоҳӣ ва буржуазияи рус дар Xонигарии Xева сиёсати мустамликадориро гузаронда бошад ҳам, дар давраи протекторат дар Xонигарии Xева қувваҳои истеҳсолкунанда тараққӣ кард. Зироат, косибӣ инкишоф ёфт, корхонаҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, таҳвили ашёи хом қ. ва ғ. сохта шуд. Дар солҳои 1912, 1915—1916 муборизаи байни гурӯҳҳои феодалии ӯзбек ва туркман барои ҳокимият, замину об ва ғорат кардани меҳнаткашон тезу тунд шуд. Дар ин давра дар мамлакат зулми феодалӣ бар омма пурзур гардида, боиси авҷгирии муборизаи синфӣ гардид. Ба қувват гирифтани ҳаракати зиддифеодалии меҳнаткашони Xонигарии Xева революцияҳои буржуазию демократӣ дар Россия ва Туркистон (солҳои 1905—1907 ва феврали 1917) таъсири калон расонданд. Ба инкишофи минбаъдаи ҳаракати революционии меҳнаткашони Xонигарии Xева Революцияи Кабири Социалистии Октябр такони бузург дод. Баромадҳои зиддифеодалии меҳнаткашон хусусияти оммавӣ пайдо карданд. Бо ташаббуси большевикони рус (ки дар Xонигарии Xева зиндагӣ ва дар корхонаҳои саноатӣ кор мекарданд) ва болшевикони Хоразм ва қисми пешқадами ҷавонхевагиён дар Xонигарии Xева нахустин ячейкаҳои коммунистӣ пайдо шуданд. Маҳз болшевикони Хоразм бо ёрии беғаразонаи болшевикони рус ва Туркистон Революцияи Халқии Хоразмро бо муваффақият ба амал бароварданд. Феврпли 1920 хони сарнагун карда шуда, апр. худи ҳамон сол — Республикаи Xaлқии Советии Хоразм (РХСХ) ташкил карда шуд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 БСЭ, 3-е издание.
  2. Olivier Roy. The New Central Asia: Geopolitics and the Birth of Nations(англ.). I.B.Tauris (2007, p.10). 23 июли 2017 санҷида шуд.

    They all had Persian as both their court language and the language of culturс, and all the successive sovereigns in each of the three instances were of Turkish origin: the Safavid followed by the Qajars in Iran; the Moghuls in India, in the various emirates Transoxiаnia (Bukhara Khiva and Kokand).

Пайвандҳо[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Шаблон:Таърихи Ӯзбакистон