Jump to content

Муҳаммадяҳё Салтанат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадяҳё Салтанат

Муҳаммадяҳё Салтанат (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бино ба маълумоти Малеҳои Самарқандӣ Салтанат соҳиби истеъдоди баланди шоирӣ буда, дар ашъораш мазмуну образҳои нави бадеиро бисёр истифода бурдааст. Шоир ба камбағалон таваҷҷӯхи хосе дошта, ҳамеша шарики ғаму шодии онҳо буд. Аз ашъори Салтанат дар «Музаккиру-л-асҳоб» 3 байти як ғазал намуна оварда шудааст.

  • Салтанат Муҳаммадяҳё / С. Саъдиев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).