Муҳаммад Алихон
Муҳаммад Алихон | |
|---|---|
|
|
|
| Таваллуд |
1808 |
| Даргузашт |
1842 |
| Падар | Умархон |
| Модар | Моҳларойим Нодира |
| Фарзандон | Sultan-Mahmud[d] ва Nasrudin Khan[d] |
Муҳаммад Алихон (1810—1842, Хӯқанд) — хони Хӯқанд (1822—1842).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди вафоти падараш Умархон ба тахт нишаст. Бо мақсади васеъ кардани ҳудуди хонии Хӯқанд соли 1829 ба Қошғар лашкар кашид. Мусулмонони Қошғар аз ин истифода бурда, ба муқобили Хитой сар бардоштанд. 70 ҳазор уйгурҳои мағлубгардида ҳамроҳи Муҳаммад баргашта, дар Шаҳрихон ва атрофи он маскан гирифтанд. Муҳаммад дар натиҷаи ҳуҷумҳои пай дар пай ба Қошғар ба ҳуқуқи аз шаҳрҳои Туркистони Шарқӣ ситонидани боҷ соҳиб гардид. Дар аҳди Муҳаммад корҳои обёрӣ хеле хуб ба роҳ монда шуданд. Дар наздикиии Тошканд ҷӯй бори Хонариқ кушода шуд. Робитаҳоиди пломатӣ ва тиҷоратӣ бо Россия беҳтар гашт. Муҳаммад дар ҷанги байни Бухоро ва Хӯқанд мағлуб гашта, Хуҷандро ба Насруллоҳ супурд ва вассали ӯ шуд. Баъди ду соли ин воқеа дар Хӯқанд ба муқобили зулмиҳои шӯриши халқ сар зад. Насруллоҳ аз ин ҳодиса хабар ёфта, Хӯқандро зери даст кард, Муҳаммад ва хешовандони наздиктарини ӯро ба қатл расонд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммад Алихон // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
- Зодагони соли 1808
- Даргузаштагони соли 1842
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бе тасвир дар Викианбор
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ