Jump to content

Умархони Амирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Умархон)
Умархони Амирӣ

Таваллуд 1787
Даргузашт 1822
Падар Narbuta Biy[d]
Ҳамсар Моҳларойим Нодира
Фарзандон Муҳаммад Алихон

Амир Умархон (1787, Қӯқанд1822, Қӯқанд) — шоири зуллисонайн, хони Қӯқанд (1809—1822) аз сулолаи Минг.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо тахаллуси «Амир» ва «Амирӣ» ба забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ шеър гуфтааст. Амирӣ хони Қӯқанд буда, дар дарбораш доираи адабӣ ороста ва худ роҳбари он буд. Бо ин амал ӯ дар рушди шеъру шоирӣ саҳме гузоштааст. Садриддин Айнӣ ба ин ҷиҳати фаъолияти Амирӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ишора карда менигорад, ки чандин адибони соҳибистеъдод аз ӯ тарбия дида, ба камол расидаанд. Дар баробари ин ӯ худ низ шоир буд ва девони ашъораш, ки дар он шеърҳо ба анвои гуногун ба забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ фароҳам омадаанд, то замони мо расидааст.

Ашъори Амирӣ равону самимиянд, вале мазмуни иҷтимоиашон чандон баланд нест. ӯ дар ашъораш нолаю шикваи ошиқ ва дарди ҳиҷронро баён намудааст. Девони ашъори Амирӣ ду маротиба (Истанбул, 1882, Тошканд, 1908) ба табъ расидааст. Ин шеър, ки ба қавли С. Айнӣ мавриди тақлиди бисёр шоирони муосири Амирӣ қарор гирифтааст, намунаи эҷодиёти ӯст:

Ба шавқи он, ки расонам ба зулфи ёр ангушт.
Чу шона медамад аз дасти ман ҳазор ангушт.
Гиреҳ зи зулфи сиёҳат кушудан осон нест,
Касе чӣ гуна расонад ба чашми мор ангушт.
Нигоҳ ба рӯи ту кардам, гудохтам чу шамъ,
Сазои он ки ба оташ кунад дучор ангушт.
Ишорати мижаҳои ту рост мешумурам,
Агар ғалат бувад аз дасти ман барор ангушт.
Хаёли зулфи парешони ёр кард, Амир,
Ба ин сухан марасон шона зинҳор ангушт.