Jump to content

Муҳаммад Саидбеки Дарвозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Саидбеки Дарвозӣ

Муҳаммад Саидбек ибни Мир Ҳокимбек ибни Мирзо Неканҷоми Дарвозӣ (1831, деҳаи Кеврон, Дарвоз — 1892, ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷик.


Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, таҳсили улумро дар яке аз мадрасаҳои Фарғона идома дод. Пас аз хатми мадраса ба зодгоҳаш баргашта, ба деҳқонӣ ва иншои шеър шуғл меварзид. Соҳибдевон будааст. Девонаш дар дасти хешовандонаш дар Афғонистон маҳфуз аст. Дар тазкираҳо, баёзҳо ашъори парокандааш — ғазалҳо, рубоиҳо сабт гардидаанд. Баъзе шеърҳояш дар пайравии Мирзо Абдулқодири Бедил суруда шудаанд.

Абёти зер аз ӯст:

Кай бувад, ё Раб, ки сайри он хами абру кунам,
Хешро ҷо дар нигоҳи наргиси ҷоду кунам?
Партави иқбол кай бар фарқи ман тобад, ки то
Ҳамчу гул рухсораи рангини ӯро бӯ кунам?
Нафҳае з-он хоки мушкинаш агар бар ман вазад,
Кай таманнои Хутан ё нофаи оҳу кунам?
Давлату дороиву иқболи ҷамшедӣ марост,
Дасти худ гар ҳалқа андар ҳалқаи он мӯ кунам.
Чашми Дарвозӣ агар маҳрам ба дидорат шавад,
Ғайри дидори ту, ҷоно, ҷумларо як сӯ кунам.