Кеврон
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | ВМКБ |
Ноҳия | Дарвоз |
Ҷамоат | Деҳоти Вишхарв |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1375 тан (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3552 |
|
Кеврон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз. Аз Кеврон то маркази ҷамоат 18 км, то маркази ноҳия 12 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1375 нафар (2022), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, китобхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва осиёби обии хусусӣ дорад. Аҳолии деҳа ба ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ ва чашмаи Девдара обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 15 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият дорад.
Шахсиятҳои шинохта
[вироиш | вироиши манбаъ]Ходими давлатӣ Акбаршо Искандаров, доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кеврон // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2