Jump to content

Муҳаммад Фузулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Фузулӣ
озарбойҷонӣ: Məhəmməd Füzuli
озарбойҷонӣ: Məhəmməd Süleyman oğlu
مَحمد سلیمان اوغلو
Тахаллусҳо: فضولي
Таърихи таваллуд: тақрибан 1494
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1556[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: озарбойҷонӣ, арабӣ[2], форсӣ[2] ва туркӣ[3]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Муҳаммад ибни Сулаймон (форсӣ: محمد بن سلیمان ‎), мутахаллис ба Фузулӣ (форсӣ: فضولی‎; тақрибан 1494, Aq Qoyunlu[d]1556[1], Имперотурии Усмонӣ) — шоир ва мутафаккири форсигӯи Озарбойҷон, муаллифи қасидаи «Анису-л-қалб» ба форсӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳояш ба забонҳои туркӣ (озарбойҷонӣ), форсӣ ва арабӣ таълиф шудаанд. Фузулӣ дар назди падараш савод бароварда, таҳсилро дар мадрасаи Бағдод давом дод. Чанд сол дар мадрасаи Бағдод мударрис буд.

Фузулӣ дар забонҳои форсӣ, туркӣ ва арабӣ се девони ғазалиёт ва қасоид дорад. Девони форсии ӯ 392 ғазал, девони туркиаш 295 ғазалро дар бар мегирад. Фузулӣ ғазалҳояшро дар пайравин Ҳофиз эҷод кардааст. Дар ғазалиёти ӯ олами маънавии инсон, туғёни ҳиссиёт тасвир ёфта, одамони ҷоҳилу разил сахт мазаммат шудаанд. Ғазалиёташ аз таъсири тасаввуф холӣ нест. Фузулӣ шаклу мазмуни ғазалро содда карда, шеваи наверо пеш гирифтааст, ки онро ғазали фузуливор гуфтаанд. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» (1536—37) аз ҷумлаи беҳтарин асарҳои Фузулӣ мебошад.

У дар ин достон, ки бо «Лайлй ва Маҷнун»-и Ҷомӣ ва Ҳотифӣ ҳамбастагӣ дорад, ба рӯзгори қаҳрамонони худ тағйироти ҷиддӣ даровардааст. Як ҷиҳати ҷолиби диққати достони Фузулӣ дар он аст, ки шоир барои боз ҳам беҳтар ифода намудани ҳиссиёти қаҳрамонон аз вазну сюжети асосии асар берун рафта, дар он бисёр ғазалҳои худро истифода бурдааст. Ин достон дар байни халқҳои туркизабон шӯҳрати зиёде доштааст. Дигар асарҳои Фузулӣ «Матлаъу-л-эътиқод» (рисолаи фалсафӣ), «Суҳбату-л-асмор», «Бангу Бода», «Ҳафт ҷом» (манзум),. «Сиҳату мараз», «Ринду Зоҳид» (мансур), «Шикоятнома» ва ғайра мебошанд. Фузулӣ мухлиси таърих, забон ва адабиёти форс-тоҷик буда, аз таҷрибаи эҷодии намояндагони барҷастаи он баҳраҳо бардоштааст. Ба таъбири адабиётшиноси эронӣ Беглӣ, «Фузулӣ мазмун, маънӣ ва сурати дилкаши шеъри форсиро барои халқҳои туркигӯй дар шакли гуворое мерасонд». Худи Фузулӣ ҳам дар сарсухани «Девони форсӣ» навиштааст; «Туркӣ аслу насаби ман аст, арабӣ забони илм мебошад ва форсӣ ба коми дили ман аст». Қасидаи ӯ «Анисул-қалб» дар асоси анъанаҳои қасидасароии Хоқонӣ, Амир Хусрав ва Абдурраҳмони Ҷомӣ ба забони форсӣ эҷод шудааст. Фузулӣ ба эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳам муҳаббат доштааст. Ӯ «Чиҳил ҳадис»-и Ҷомиро аз форсӣ ба озарбойҷонӣ гардонда, худ ҳадиси 41-ро зам кардааст, қи дар ситоиши Ҷомӣ мебошад. Тарҷумаи озарбойҷонии асари Воизи Кошифӣ «Равзату-ш-шуҳадо» (бо номи «Бахтлилар бағӣ») низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Шоирони тоҷик (Исо-махдум, Кошифи Хуҷандӣ, Комили Ҳисорӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ) ғазалҳои Фузулиро назираву тазмин кардаанд. Асарҳои Фузулӣ ба забонҳои русӣ, арабӣ ва форсӣ ба табъ расидаанд. Дар Боку ҳайкали ӯ гузошта шудааст.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. CONOR.Sl
  • Фузулӣ / В. Самад // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).