Jump to content

Муҳиба Яқубова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муҳиба Якубова)
Муҳиба Яқубова
Муҳиба Мӯҳсиновна Яқубова
Таърихи таваллуд 21 январ 1937(1937-01-21) (87 сол)
Зодгоҳ Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо

Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011)

Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1976)
Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1995)
Дорандаи Ҷоизаи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИ ҶТ (2007)

Муҳиба Яқубова доктори илмҳои биологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон [1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1959). Солҳои 1961-1968 ходими илмии Пажӯҳишгоҳи физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ Тоҷикистон, солҳои 1968-1973 дотсенти кафедраи физиологияи рустаниҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ва мудири кафедраи биохимияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1974-2008) буд. Аз соли 2008 вазифаи ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ро иҷро кардааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ:биохимия, биофизика, физиология ва генетикаи рустаниҳои кишоварзӣ. Оид ба масоили танзими реаксияҳои биохимиявӣ ҳангоми фотосинтез (вобаста ба ҳосилнокии рустанӣ) таҳқиқот анҷом дода, бобати биохимияи рустаниҳо, тавсифи сохторӣ-вазифавии хлоропластҳои пахта, фотосинтез ва монандшавии азот дар пахта ва ғайра беш аз дусад кори илмӣ, методӣ, таълимӣ ба хидмат овардааст. Иштирокдори чандин симпозиуму конфаронси байналмилалии биохимикҳо мебошад.

  • К вопросу о биосинтезе пластидных пигментов в листьях хлопчатника. – Д., 1965;
  • Методические разработки по биохимии. – Д., 1976 (соавтор);
  • Физиолого-биохимические аспекты фотосинтетической продуктивности. – Д., 1983;
  • Функциональные особенности и структурная организация фотосинтетического аппарата с высокой активностью: Дисс… доктора биолог. наук. – М., 1984;
  • Руководство по написанию дипломных и курсовых работ по биохимии. – Д., 1988 (соавтор);
  • Малый практикум по биофизике. – Д., 1990 (соавтор);
  • Дарсҳои амалӣ аз биофизика. – Д., 1990 (ҳаммуаллиф);
  • Сравнительная характеристика фотосинтетического аппарата перспективных сортов и линий хлопчатника. – Д., 1995 (соавтор);
  • Фотосинтез и метаболизм углерода ӯ перспективных форм хлопчатника. – Д., 1999 (соавтор);
  • Структурно-функциональная характеристика хлоропластов хлопчатника. – Д., 2000;
  • Функциональная активность фотосинтетического аппарата арабидопсиса. – Д., 2002 (соавтор);
  • Белки теплового шока в клетках спирулины. – Д., 2003;
  • Биохимия растений. Учебное пособия. – Д., 2008 (соавтор);
  • Физиолого-биохимические и молекулярно-генетические аспекты продукционного процесса хлопчатника. – Д., 2013;
  • Фотосинтез и ассимиляция азота ӯ хлопчатника. – Д., 2015 (соавтор); Китоби сурхи Тоҷикистон. – Д., 2015 (ҳаммуаллиф).
  • Мухиба Мухсиновна Якубова. Материалы к библиографии ученных Таджикистана. – Д., 1997;
  • Якубова Мухиба Мухсиновна. Библиография. – Д., 2008.