Jump to content

Муҳити миёнситораӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нақшаи абрҳои байниситораӣ

Муҳити байниситораӣ, фазои миёнситораӣ (англ. Interstellar medium) — газ, чангу ғубор, нурҳои кайҳоние, ки муҳити системаҳои ситораиву галактикаҳоро пур кардаанд. Муҳити байниситораӣ аз муҳити байнисайёраӣ ва муҳити байнигалактикӣ фарқ мекунад. Моддаи асосии муҳити байниситораӣ газест, ки он аз ҳидроген ва ҳелий (бо ғашҳои оксиген, нитроген, гази карбон) ва ғайра иборат аст.

Дар Галактикаи мо диаметри абрҳои байниситораӣ одатан 5-40 пк контсентратсияи атомҳо дар 1 см3 аз 2 то 100, ҳарорат аз 20 то 100 контсентратсияро ташкил медихад. Байни абрҳо зичии газҳо хурдтар (100 атом/дм кубӣ), ҳарорат бошад 7000 К мебошад: атомҳои гидроген асосан нейтрал буда, дарозии мавҷи афканишоташон 21 см аст. Дар қарибии ситораҳои тафсон гидрогени ионизонидашуда ҳаст, ки ҳарораташ 7000 К ва аз он зиёдтар мешавад. Спектри онҳо аз хатҳои дурахшони гидроген ва баъзе ионҳои дигар иборат мебошанд. Ғайр аз газҳо Муҳити байниситораӣ зарраҳои чанг — моддаҳои сахти андозаашон аз 0,1 то 1 мкм дорад. Чанг бештар нурҳои кабудро фурӯ мебарад. Аз ин сабаб нури кабуди ситораҳои дур суст буда, онҳо сурхчатоб менамоянд. Абрҳои зичи газу ғубор, ки равшании Роҳи Каҳкашонро фурӯ мебаранд, тира метобанд. Фазои байни галактикаҳоро муҳите пур мекунад, ки зичиаш назар ба зичии муҳити байниситораӣ 4-5 маротиба кам аст.