Муҳтарам Ҳотам
Таърихи таваллуд: | 10 апрел 1950 (74 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | деҳаи Аскалон, ноҳияи Рашт |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Шоири халқии Тоҷикистон (2022) |
Ҷоизаҳо: | медали «Хидмати шоиста» |
Муҳтарам Ҳотам (10 апрели 1950 — деҳаи Аскалон, ноҳияи Рашт) — шоир ва нависандаи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (2022)[1]. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳтарам Ҳотам 10 апрели соли 1950 дар деҳаи Аскалони ноҳияи Рашт зода шудааст. Соли 1968 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1972 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми Донишгоҳи мазкур, то соли 1990, дар нашриёти «Ирфон»-у «Адиб» ба ҳайси муҳаррир ва мудири шуъба кор кардааст. Солҳои 1990—1996 раиси муассисаи нашаротии «Ориёно», 1996—1998 сардабири ҳафтавори «Роҳи умед» (ҳозира «Нақлиёт»), 1998—2000 муовини сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ходими ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» будааст. Солҳои 1983—1985 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Аз моҳи апрели соли 2000 мудири Котиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мебошад.
Аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст[2].
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи китобҳои ашъори «Камароб» (1979), «Дилафшон» (1983), «Сапеда» (1989), «Як қалам сарнавишт — як қадам саргузашт» (1996), «Садуяксола шавӣ!» (1966), «Чашморӯ» мебошад. Ҳамчунин, намунаҳои ашъораш дар зиёда аз 50 маҷмӯаи дастҷамъӣ, аз ҷумла, «Тысяча родников» («Ҳазор чашма»; Маскав, 1999) «Бозгашти Ироншаҳр» (Ереван, 2003) ба чоп расидаанд. Роҷеъ ба таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон даҳҳо мақола ба табъ расондааст. Ҳаммуаллифи таърихномаи роҳи оҳан — «Роҳ дар масири асрҳо» (1999) мебошад.
Солҳои охир ба таҳқиқи масоили сукунат ва муҳоҷирати ориёиҳо машғул буда, дар ин мавзӯъ асарҳои «Ориётоҷикон: 18000 сол пеш…» (2004) ва "Канобад (Конибодом) ва Райбат (Работ) дар «Шоҳнома» (2004), «Фасли пайванди вижаҳо» (2014)-ро мунташир сохтааст. Силсилаи мақолаҳояш «Муҳоҷирати бузурги ориёиҳо», ҳамчунин, рисолаи таҳқиқотиаш «Ҳувийяти миллӣ ва Ватани воқеӣ» дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Фарҳанг» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.
Гулчини ашъори шоирони тоҷику арман «Дасти дӯст» (1989), дуоҳои тоҷикии «Сад дуову салом» (1985) ва «Толеъномаи хонавода» (2004)-ро мураттаб ва мунташир намудааст. Чанде аз ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ, эстонӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.
Як идда шеъру ҳикоя ва осори манзуми адибони дигар кишварҳоро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи чанд достони «Илиада»-и Ҳомер, чанде аз шеърҳо ва достони «Фариштаи марг»-и М. Ю. Лермонтов, «Биҳишти муҳаббат»-и Р. Бёрнс, афсонаҳои мардуми русу Шарқи Дур — «Афсонаҳои даврони қадим» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар тарҷумаи ашъори А. С. Пушкин, И. Н. Некрасов, шоирони дигари рус, фаронсавӣ, булғорӣ, молдовӣ, литвонӣ, ӯзбек, гурҷӣ ва ғ. ширкат варзидааст.
Ширкатвари Конфаронси байналмилалии шоирон ва тарҷумонҳои адабиёти Литва дар шаҳри Вилнюс (1988), Конфаронси адибони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чимкент (1989), ҳамоиши адибони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ — «Вохӯрии кӯчаки Иссиқrӯл» (1990), конфаронси тарҷумонҳо дар Маскав (1990) мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», медали «Хидмати шоиста» ва унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» қадр шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дафтари рубоӣ (Рубоӣ ва дубайтӣ). Муҳаррир Сафар Амирхон. — Д.: Адиб, 2020. — 176 с.
- Сурӯши сухан (Маҷмуаи ашъор). Муҳаррир Гурез Сафар. — Д.: Адиб, 2009. — 272 с.
- Сухандору (Маҷмуаи шеърҳо). Муҳаррир Гурез Сафар. — Д.: Адиб, 2018. — 192 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Чанд нафар адибон соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва унвони ифтихории Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон гардиданд(тоҷ.). АМИТ "Ховар". 26 августи 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 сентябри 2022.
- ↑ Ҳотам Муҳтарам(тоҷ.). Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 26 августи 2022 санҷида шуд.