Ноҳияи Рашт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Рашт
Мамлакат

 Тоҷикистон

Унвон

Ноҳияи маъмурӣ

Тобеи

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |НТҶ

Шомили

2 шаҳрак, 12 ҷамоати деҳот

Маркази маъмурӣ

Ғарм

Санаи таъсис

10 марти соли 1931

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Аҳолӣ (2016)

116 600[1] нафар

Гурӯҳҳои миллӣ

тоҷикон

Гурӯҳҳои динӣ

мусулмонони ҳанафимазҳаб

Масоҳат

5346,9 км²

Location of Rasht District in Tajikistan.png

Минтақаи замонӣ

UTC+5

Сарвожа

GA

Коди ISO 3166-2

TJ.RR.GA

Коди телефон

+992 3131

Нишонаи почта

734060

Домени Интернет

.tj

Шумораи мошинҳо

TJ08

Ноҳияи Рашт (порсӣ: ناحیۀ رشت) — яке аз калонтарин ноҳияи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Ин ноҳия 10 марти соли 1931 бо номи ноҳияи Ғарм дар бахше аз вилояти Ғарм таъсис ёфта аст. Аз 27 октябри соли 1939 то 24 августи 1955 ин ноҳия бахши марказии вилояти Ғарм буд.

Бар асоси Қарори № 190 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001 ноҳияи Рашт номида шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ғарм аст, ки 185 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Рашт дар водии Рашт ҷойгир аст. Дар Шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, дар Шарқ — бо ноҳияи Лахш - дар гузашта ноҳияи Ҷиргатол, дар Ҷануб — бо ноҳияи Тоҷикобод ва ноҳияи Сангвор - ноҳияи Тавилдара, дар Ғарб - бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаммарз аст.

Ин ноҳияи 5346,9 км² масоҳат дорад. Аз шимолу шарқи ноҳияи Рашт ба ҷанубу ғарби он рӯди Сурхоб гузар мекунад, ки ба рӯди Вахш мерезад.

Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2016 дар ноҳияи Рашт 116 600 нафар зиндагӣ мекунад[1]. Мардуми ноҳияи Рашт ҳама тоҷикон ва худро ғармӣ мегӯянд ва порсигӯ ҳастанд ва пайрави дини ислом(суннӣ ва ҳанафӣ ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Рашт Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузории ноҳияи Рашт - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми ноҳияи Рашт ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Бахшҳои идорӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рашт 2 шаҳрак - Ғарму Навобод ва 12 ҷамоат дорад.

Эзоҳ[вироиш]