Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб
Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб — дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон воқеъ аст.
Тавзеҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб 7 сентябри соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №412 ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурӣ аз 19 декабри соли 2006 дар арафаи ҷашни 2700 солагии Кӯлоб дар заминаи Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо тобеияти се осорхона – Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, хона – музейи ба номи шоир ва ҳофизи халқ Саидалӣ Вализода ва осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 – солагии Кӯлоб ба фаъолият оғоз намуд.
Осорхонаи 2700 – солагии Кӯлоб
[вироиш | вироиши манбаъ]Осорхонаи 2700 – солагии Кӯлоб иборат аз панҷ шуъба: шуъбаҳои таърих ва археология, этнография (мардумшиносӣ), санъати тасвирӣ ва амалӣ, табиати кишвар ва Кӯлоби 2700 сола иборат мебошад. Дар фонди осорхона беш аз 5572 нигора маҳфуз мебошад.
Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз шӯбаҳои Пирони кӯҳистони Хатлон, Ганҷинаи ҳазрати Амирҷон, аз таърихи сохтмони мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шӯҳрати ҷаҳонии Алии Ҳамадонӣ иборат мебошад. Дар шафати Осорхонаи мазкур мақбараи адиб ва файласуфи машҳур Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, санги сипоснома, сағонаи шахси номаълум ва боқимондаҳои хумдони мутааллиқ ба даврони Ҳахоманишиҳо (асрҳои 7-6 пеш аз мелод) ҷой доранд. Инчунин, дар ошёнаи якуми осорхона китобхонаи Амири Кабир мавҷуд аст, ки дар он зиёда аз 5000 китоб бо ҳуруфи ниёгон, ки аз бахшҳои адабиётшиносӣ, ҷомеъашиносӣ, луғатнигорӣ, риёзӣ, ҷуғрофиё, нигоҳдорӣ мешавад. Фонди нигораҳои осорхонаи мазкур беш аз 1120 ададро ташкил медиҳад.
Хона-музейи Саидалӣ Вализода
[вироиш | вироиши манбаъ]Хона-музейи шоир ва ҳофизи халқ Саидалӣ Вализода аз чаҳор бахш иборат аст. Фонди хона-музей 3000 нигора дорад, ки аз ин миқдор зиёда аз 1800 адади он дар намоиш мебошанд. Дар фонди Муассиса алҳол беш аз 10000 нигора маҳфуз мебошад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Маълумотномаи сайёҳӣ:Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб(тоҷ.). www.kulob.tj. 29 май 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 май 2019.