Jump to content

Саидалӣ Вализода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саидалӣ Вализода
Саидалӣ
Таърихи таваллуд 10 октябр 1900(1900-10-10)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг Аморати Бухоро
Таърихи даргузашт 12 декабр 1971(1971-12-12) (71 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 1925 - 1971
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) шоир, мутриб, сароянда, оҳангсоз
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон, Ордени «Нишони Фахрӣ», Ордени «Нишони Фахрӣ»

Саидалӣ Вализода — шоир, мутриб, сароянда, оҳангсоз ва ҳофизи халқии тоҷик. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945). Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960). Аз соли 1943 узви ИН собиқ ИҶШС. Падари шоира, Хосият Вализода.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саидалӣ Вализода (10 октябри соли 1900, деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинг, вилояти Кӯлоб, 12 декабри соли 1971, шаҳри Кӯлоб) Аз оилаи деҳқони камбағал. Пеш аз инқилоб чоряккор буд. Баъди инқилоб дар сохтмони колхозӣ фаъолона иштирок кард. Падараш шахси ҳунарманд ва шеърдӯст буд. Аввалин шеъраш «Деҳқони ҷабрдида» (1917). Ғалабаи сохти нав ба шоир илҳом бахшид. Ӯ дар васфи доҳӣ ва Давлати Советӣ шеъри «Ленин-бародар раҳнамо» (1922)-ро эҷод намуда, Ленинро ҳамчун барпо-кунандаи аввалин ҷамъияти нави адолатхоҳу халқпарвар тасвир кардааст.

Эҷодиёти Саидалӣ Вализода бо сохтмони сотсиалистӣ, бо ҳаёти хоҷагӣ ва мадании республика сахт алоқаманд аст. Солҳои 1936-38 артисти Театри колхозии шаҳри Сталинобод буд. Маҳз ҳамин солҳо ӯ бо А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, М. Раҳимӣ, Суҳайлӣ, М. Миршакар, А. Деҳотӣ ва диг. шинос шуд ва ба шеър бештар майлу ҳавас пайдо кард. Соли 1938 Вализода Ба Ховалинг баргашта, дар назди интер-нати ноҳияи Ховалинг маҳфили драмаи мусиқӣ барпо кард. Минбаъд Вализода ба дастаи ҳаваскорони хонаи бачагони Ховалинг ҳунари мусиқӣ ва ҳофизӣ омӯхт. Шеъру достонҳои ӯ «Ба Тоҷикистон» (1938), «Эй Октябр» (1938), «Папанинчиён» (1939), «Дар васфи Кӯлоб» (1940), «Меҳнат» (1940) ва ғ. дар матбуоти даврӣ чоп шуданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45) мақсади эҷодиёти ӯ ба ғалаба рӯҳбаланд кардани халқ буд. Вализода дар шеърҳои «Хабар» (1941), «Падар ва писар» (1942), «Марг ба фашизм» (1942), «Натвонӣ» (1942), «Мур ту, саг» (1943) ва ғ. ба фашизми немис нафрати беандоза изҳор карда, бо ифтихори зиёд матонат ва қаҳрамонии одамони советиро васф мекунад. Дар номаҳои манзуми шоир «Мактуби ёр» (1941), «Мактуб» (1942), «Салом ба аскари Сурх» (1942) ва ғ. на фақат ҳисси интиқоми одамони советӣ, балки дар онҳо алоқаи мустаҳками фронту ақибгоҳ ва ваҳдати маънавию сиёсии халқи советӣ тасвир ёфтааст. Соли 1945 оид ба корнамоии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Саидқул Турдиев манзумаи «Қаҳрамон Саидқул Турдиев»-ро навишт. Соли 1949 маҷмӯаи шеърҳои ӯ «Таронаҳо» аз чоп баромад. Маҷмӯ-аҳои ашъораш минбаъд бо номҳои «Дар водии меҳнат» (1955), «Ду додарон» (1960), «Шеърҳо ва достонҳо» (1965), «Ошиқи баҳор» (1970) чоп шуд. Дар ин маҷмӯаҳо беҳтарин шеърҳои то соли 1970 дар мавзӯҳои В. И. Ленин, Инқилоби Октябр, Ватан, саҳроҳои пахта, мубориза бар зидди ҷангҷӯён, васфи сулҳ, сохтмонҳои азими республика ва ғ. эҷодкардаи шоир гирд омадаанд. Ватан дар тасвири шоир гулшани абад, боғи роҳатбахш, бӯстони беозор, манзили аз ғаму андӯҳ озод, бой ва тавоно мебошад. Ӯ дар ҳамаи шеърҳои ба Ватан бахшидааш меҳри бепоёни худро нисбат ба Ватани сотсиалистӣ бо ифтихор ифода кардааст. С. Вализода дар шеърҳои «Меҳнат кун», «Зарур», «Ибрат гир», «Ҳангоми кишти пахта», «Даъвати ман», «Меҳнат шараф аст», «Ҳадаҳа», «Стаханов», «Духтари озод» ва ғ. бунёдкориҳои одамони советӣ, кору рафтори зарбдорони майдони меҳнатро тасвир кардааст. Вализода С. ҳамчун вассофи ғояҳои сулҳу амният дар шеърҳои «Лаънат ба ғоратгарон», «Нест бод ҷангҷӯён», «Нест бод ҷанг» симои импералистони хориҷӣ-оташдиҳандагони ҷанги навро фош ва маҳкум намуда, дар шеърҳои «Қувваи сулҳ», «Тарафдори сулҳ» ғояҳои сулҳу озодиро ташвиқу тарғиб намудааст. С. Вализода шеърҳои ҳаҷвӣ низ эҷод кардааст. С. Вализода муаллифи манзумаҳои «Достони Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1946), «Нозими Ватан» (1952), «Ду додарон» (1958), «Нодир ва Муҳтарам» (1964) низ мебошад, ки дар ин офаридаҳо ғояҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ғ. тарғиб шудааст. Ӯ инчунин гӯрғӯлисарои машҳури тоҷик буд. Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Дар зерсохтори Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб — Осорхонаи ба номи Саидали Вализода фаъолият карда истодааст аст.[1]

  1. Республиканский историко-краеведческий музейный комплекс г. Куляб