Мэри Бойс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мэри Бойс
Таърихи таваллуд 2 август 1920(1920-08-02)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 апрел 2006(2006-04-04)[3][1] (85 сол)
Кишвар
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо

Нора Элизабет Мэри Бойс (англ. Nora Elisabeth Mary Boyce: 2 август 1920[1][2], Дарҷилинг[d], Роҷи Бритониё4 апрел 2006[3][1]) — эроншиноси Британиёи Кабир.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон додгустар (судя) буд. Мэри Бойс дар Донишгоҳи Кембриҷи Англия улуми бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ омӯхта, аз соли 1944 устоди адабиёти англо-саксонӣ ва бостоншиносии Донишгоҳи Лондон буд, ҳамзамон омӯзиши забони форсиро дар назди проф. Владимир Минорски дар мактаби таҳқиқоти Осиё ва Африқо давом дод. Соли 1952 дар Донишгоҳи Кембриҷ рисолаи илмӣ дифоъ намуда, аз ҳамон сол то давраи бознишастагиаш ба ҳайси проф. мактаби таҳқиқоти Осиё ва Африқо кор кардааст.

Мэри Бойс яке аз машҳуртарин муҳаққиқони динҳои бостонии ориёиҳо, бахусус зардуштия ва узви Академияи шоҳаншоҳии Дания буд. Ҷамъияти осиёии шоҳаншоҳии Британияи Кабир ва Дания ба хотираи Мэри Бойс ҷоизаи солона таъсис намудааст, ки ҳамасола ба беҳтарин асар дар риштаи пажӯҳиши адён эҳдо мегардад. Муҳимтарин осори Мэри Бойс «Зардуштиён: боварҳо ва урфу одатҳо», «Таърихи Зардуштия», «Такягоҳи форсии Зардуштия», «Доираҳои Монавия дар Эрон», «Суханварони монавия дар Эрон», «Сохтори сарчашмаҳои омӯзиши Зардуштия» мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Oxford Dictionary of National Biography (ингл.) / C. MatthewOxford: OUP, 2004.
  2. 2.0 2.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. 3.0 3.1 http://www.telegraph.co.uk/news/obituaries/1516828/Prof-Mary-Boyce.html

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]