Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1
Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Молик | ШСХК "Барқи тоҷик" |
Соли оғози сохтмон | 2004 |
Соли бакордарории агрегатҳо | 2008? 2009 |
Мушаххасоти асосӣ | |
Коркарди солонаи энергияи барқ, млн кВт⋅с | 2700 млн кВт·с |
Навъи нерӯгоҳи барқӣ | обӣ |
Тавоноии барқӣ, МВт | 670 |
Дар харита |
НБО Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш сохта шудааст. НБО Сангтӯда-1 - иқтидораш 670 МВт ва қудрати истеҳсолиаш 2,7 млрд. кВт-соат дар як сол аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо шарофати кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2004 соли аз нав ба фаъолият сар кардани сохтумони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 гардид. Ҳангоми боздиди расмии президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 аҳднома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар сохтмони нерӯгоҳи баркии обии Сангтӯда-1 баста шуд. Мувофиқи ин аҳднома, хароҷоти умумии сохтмон – 482 млн. доллари ИМА муайян гардид. Ҳукумати Федератсияи Русия ба сохтмони нерӯгоҳи барки обии Сангтӯда-1 250 млн. доллари ИМА саҳмгузорӣ (75% саҳмияи Федератсияи Русия ва 25% саҳмияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст) намудааст.
Сохтмони НБО Сангтӯда-1 соли 2004 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 2008, охиринаш соли 2009 ба кор дароварда шудааст. НБО Сангтӯда-1 соли 2009 пурра ба истифода дода шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Официальный сайт Сангтудинской ГЭС-1
- Новости Сангтудинской ГЭС-1 Бойгонӣ шудааст 5 сентябри 2010 сол.