Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1
Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Макон | Ноҳияи Данғара |
Молик | ШСХК "Барқи тоҷик" |
Соли оғози сохтмон | 2004 |
Соли бакордарории агрегатҳо | 2008 ва 2009 |
Мушаххасоти асосӣ | |
Коркарди солонаи энергияи барқ, млн кВт⋅с | 2700 млн кВт·с |
Навъи нерӯгоҳи барқӣ | обӣ |
Тавоноии барқӣ, МВт | 670 |
Дар харита |
НБО Сангтӯда-1 — дар дарёи Вахш дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии ҷануби Душанбе сохта шудааст. НБО Сангтӯда-1 - иқтидораш 670 МВт ва қудрати истеҳсолиаш 2,7 млрд. кВт-соат дар як сол аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо шарофати кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2004 соли аз нав ба фаъолият сар кардани сохтумони Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 гардид. Ҳангоми боздиди расмии президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 аҳднома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар сохтмони Нерӯгоҳи баркии обии Сангтӯда-1 баста шуд. Мувофиқи ин аҳднома, хароҷоти умумии сохтмон – 482 млн. доллари ИМА муайян гардид. Ҳукумати Федератсияи Русия ба сохтмони нерӯгоҳи барки обии Сангтӯда-1 250 млн. доллари ИМА саҳмгузорӣ намудааст. (75% саҳмияи Федератсияи Русия ва 25% саҳмияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Сохтмони НБО Сангтӯда-1 соли 2004 оғоз гардид.[1]
Маросими ба истифода додани агрегати якуми неругоҳ 20 январи соли 2008 ва пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ бо 4 агрегат 31 июли соли 2009 баргузор шуд. Ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба сохтмони нерӯгоҳ беш аз 16 млрд. рублро ташкил медиҳад. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаваттро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии чануби Душанбе воқеъ буда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба 10% баробар аст. Неругоҳи “Сангтӯда-1” дар баробари Нерӯгоҳи барқи обии Норак бо иқтидори 3000 МВт ва Нерӯгоҳи барқи обии Бойғозӣ бо иқтидори 600 МВт ба сегонаи бузургтарин неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон дохил мешавад.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ www.jumhuriyat.tj. РАҲОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ Ё БИСТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНРО РАНГИН МЕСОЗАНД(тоҷ.) (28 октябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Қарзи “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ба беш аз 331 млн доллар расид(тоҷ.) (28 октябри 2024). 10 Декабри 2024 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Официальный сайт Сангтудинской ГЭС-1
- Новости Сангтудинской ГЭС-1 Бойгонӣ шудааст 5 сентябри 2010 сол.