Jump to content

Набиҷон Баротов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Набиҷон Баротов
Набиҷон Баротов
Таърихи таваллуд 24 декабр 1910(1910-12-24)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1985(1985)
Пеша(ҳо) мутриб

Набиҷон Баротов — мутриб-дуторӣ, аз намояндагони соҳибҳунари ҳавзаи иҷроии Хуҷанд (сабки иҷроии Содирхон 1847-1931).

Санъати сознавозиро ибтидо назди Содирхон ва сониян писараш Нодир Бобошарифов омӯхта, дар сознавозӣ-дутор сабки хос доштааст. Фаъолияти Набиҷон Баротов бештар дар корҳои идории давлатӣ-корманди комсомол (1926-1929), ГПУ, НКВД (1929-1935), роҳбари хонаи бачагони шаҳри Қурғонтеппа. Панҷакент (аз 1938-1943), таҳсил дар Институти омӯзгорӣ (Хуҷанд, 1938-1941), директории театри ноҳияи Нов (1943-1945), Филармонияи вилоятии Ленинобод (1944-1949), хонаи маданияти шаҳри Ленинобод (1953-1961), сардори коргоҳи созтарошии Ленинобод (1961-1965) ва ғ. хидмат намудааст. Набиҷон Баротов мутриби соҳибҳунар дар иҷрои шохаҳои созии «Шашмақом» (мушкилот) савту навоҳои мардумии касбӣ («Баёт», «Уфар», «Тановар» ва ғайра) буда, бо ҳунарварон ҳамкорӣ намуда, дар ташаккули маҳорати иҷроии Артисти Халқии СССР Муродов Ҷ. нақши устодӣ до-рад. Барои хидматҳои шоистааш Набиҷон Баротов дар тарғибу рушди осори мусиқии тоҷик бо ордену нишон, ифтихорномаҳои Хукумати ҶШС Тоҷикистон му-шарраф шудааст.

  • Таджикская музыка, Душ., 2003;
  • Ҳакимов Н. «Шашмақом» дар асри ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 38 ISBN 978-99947-49-13-3