Наби Носиров
Наби Носиров | |
Таърихи таваллуд | 11 декабр 1945 |
Зодгоҳ | Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 26 апрел 2023 (77 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | ордени «Шараф» (2008), медали "10 лет РТСУ" (2006), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1992), «Коркуни фахрии Вазорати маълумоти олӣ ва илми Федератсияи Русия» (2011) |
Наби Носиров — олим, номзади илмҳои иқтисод, профессор, «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1992), дорандаи унвони «Коркуни фахрии Вазорати маълумоти олӣ ва илми Федератсияи Русия» (2011)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Наби Носиров 11 декабри соли 1945 дар ш. шаҳри Уротеппа ба дунё омадааст. Соли 1962 мактабро ба итмом расонида аз 1 сентябри 1963 дар техникуми сохтмони ш. Уротеппа, ки дар шаҳраки Зафаробод (он вакт шаҳраки Зафаробод, СМУ 24, дар хайъати Ноҳияи Уротеппа буд) ба шуъбаи «Механизацияи хоҷагии қишлоқ», дохил шуда, соли 1966 техникумро ба итмом расонидааст. Худи ҳамон сол, яъне соли 1966 ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, шуъбаи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар саноат» дохил шуда, соли 1970 Донишгоҳи номбурдаро хатм намуда ба тахассуси «Иқтисодчӣ» ноил шудааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, раёсати ДДТ ба номи В.И. Ленин, ӯро ба кафедраи Иктисодиёти саноати сотсиалисти ба вазифаи ассистенти кафедра аз сентябри соли 1970 ба кор кабул кард. Соли 1974 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДТ ба номи В.И. Ленин мазкур таҳсил намуда, соли 1978 рисолаи номзади дар мавзӯъи «Проблемаҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодии таъминоти моддии иттиҳодияҳои истеҳсолии соҳаи саноати сабуки Тоҷикистон» ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисод шудааст. Соли 1978 соҳиби аттестати «дотсент»,. Аз соли 1978 то соли 1997 дар ДДТ ба номи В.И. Ленин ба вазифаҳои муаллими калон, дотсент, ҷонишини декани факултаи донишҷуёни хориҷӣ, декани факултаи шабонаи иқтисодӣ фаъолият кардааст. Аз сентябри 1997, Носировро ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ҳайси декани факултаи иктисодӣ даъват намуданд ва то феврали 2011 дар ҳамин вазифа фаъолият намудааст, соли 2011 ба вазифаи мудири кафедраи назарияи иқтисод ва ҳоло профессори кафедраи «Менеҷмент ва туризм» мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи зиёда аз 80 асарҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, аз ҷумла, 6 монография, зиёда аз 200 асарҳои гуногун. Асарҳои ҷолиб, инҳоянд: «Иқтисод ва ташкили истеҳсолот» -Душанбе,2010; «Логистика (дидактика)» - Вена,2013; «Рушди инсонӣ», Китоби дарсӣ. - Душанбе, 2014(бо ҳаммуаллиф); «Иқтисоди корхона» - Душанбе, 2015; «Логистика», Китоби дарсӣ. -Душанбе, 2017; «Идоракунии истифодабарии захираҳои табиии Тоҷикистон» - Душанбе, 2018, (бо ҳаммуаллифон); «Иқтисод ва ташкили протсесси истеҳсолкунанда», Китоби дарсӣ. - Душанбе, 2018. Солҳои тулони ӯ дар конфронсҳо иштирок ва суханронӣ кардааст, аз ҷумла: Москва (1997,2009,2010), Донишгоҳи Голувей (Ирландия,1997), Донишгоҳи Твенте (Нидерланд,1997), Донишгоҳи Амрикоии ш. Гирни Кипри Шимолӣ, (2010), Донишгоҳи иқтисодии Вена,(2011,2013), Донишгоҳи иқтисодии Прага, (2012), Донишгоҳи давлатии педагогии ш. Санкт Петербург ба номи А.И.Гертсен (2014).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]«Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1992)? ордени «Шараф» дарачаи II (2008) ва соли 2011 бо унвони «Коркуни фахрии Вазорати маълумоти олӣ ва илми Федератсияи Русия» сарфароз гардидааст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон /Состав кафедры, Рахмон Ульмасов Бойгонӣ шудааст 22 ноябри 2016 сол.
- «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011. - 386 стр Бойгонӣ шудааст 17 феврали 2015 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 11 декабр
- Зодагони соли 1945
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Ӯротеппа
- Даргузаштагони 26 апрел
- Даргузаштагони соли 2023
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон