Навда
Навда — яке аз узвҳои асосии рустаниҳои дараҷаи олист, ки аз поя, барг ва муғча иборат аст.
Навда дар ҳаёти рустанӣ мақоми хосе дорад. Ҳар як қисми он вазифаи муайянро иҷро мекунад. Муғча сабзиш ва афзоиши нашвии рустаниро таъмин менамояд; барг вазифаи фотосинтез ва транспиратсия (бухоркунӣ)-ро иҷро мекунад; поя узви такягоҳ аст. Навдаи рустаниҳои яксола такягоҳ як мавсим, Навдаи растаниҳои бисёрсола ҳар сол месабзад. Навдаи дар давоми як даври рушд сабзидаро элементарӣ ва дар муддати як сол сабзидаро солона меноманд. Аз якчанд навдаҳои солона Навдаи бисёрсолаи скелетӣ ба вуҷуд меояд. Шаклгирию расиши навда ду давраро дар бар мегирад: эмбрионалӣ ё дохили муғчагӣ (узвҳои нави навда ибтидо меёбанд) ва постэмбрионалӣ ё берун аз муғча (аз узвҳои навсабзида Навдаи нав пайдо мешавад). Вобаста ба рафти сабзиш навда ортотропӣ (ба боло ё ба поён), плагиотропӣ (уфуқӣ ё хамида) ва анизотропӣ (тағйирёбанда; бештар дар гиёҳҳо) мешавад.
Ба ғайр аз навдаи муқаррари дар рустаниҳо навдаҳои гуногуни шаклашон тағйирёфта (ниг. Метаморфоз), ки хусусиятҳои махсуси биологӣ доранд, низ ҳосил мешаванд. Шаклҳои ҳаётии рустаниҳо ба гуногунии навъҳои навда вобастаанд ва ин гуногунии навъҳо дар ҷараёни таҳаввули дурудароз ба шароитҳои гуногуни ҳастӣ мутобиқшавии рустаниҳо ба вуҷуд омадааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Навда дар Викианбор |
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.