Наврӯзнома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Наврӯзнома

Наврӯзнома — китобест ба забони форсӣ мансуб ба Умари Хайём. Ин китоб дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз ва одоби он навишта шудааст.

Муҳтаво[вироиш]

Дар рисолаи «Наврӯзнома» — Умари Хайём нигориши равшангарона оид ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он оварда шудааст. Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад.

Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарси аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳи биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Мубадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Муъбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд. Ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Эзиди таборак ва таоло дувоздаҳ фаришта офаридааст: аз ин чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чи андар ӯст, аз аҳриманон нигоҳ доранд; ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз куҳи қоф баргузаранд.

Ва чунин ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ. Ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав, андар сарои куҳан бар оварда. Ва Эзиди таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад-у парвариш дод.

Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди таоло ва андар вай ба ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди таолоро иноят беш аз дигарон будааст.

— Наврӯзнома

Ва гӯянд мисоли он чунон аст, ки малики бузург ишорат кунад ба хилофате ба хулафои хеш, ки ӯро бузург доранд ва ҳаққи ҳунари вай бидонанд, ки ҳар ки варо бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гӯянд, чун Эзиди таборак ва таоло бад-он ҳангом, ки фармон фиристод, ки (Офтоб) суббот баргирад, то тобиш ва манфиати ӯ ба ҳама чизҳо бирасид. Офтоб аз сари ҳамал бирафту осмон ӯро баргардонид ва торикӣ аз рӯшноӣ ҷудо гашту шабу рӯз падидор шуд. Ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро.

Пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон рӯз бозрасид. Ва он муддат ҳафтоду се бор қирони Кайвон ва Урмузд бошад, ки онро «қирони асғарӣ» хонанд ва ин қирон ҳар бист сол бошад. Ва ҳар гоҳ ки Офтоб давраи хештан сипари кунаду бад-ин ҷой бирасад ва Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути (фаромадани) Зуҳал андар ӯст, қирон бувад бо муқобили ин бурҷи Мизон, Зуҳал андар ӯст, ки давр ин ҷо ва як давр он ҷо бад-ин тартиб, ки ёд карда омаду ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд. Чунон ки Офтоб аз сари ҳамал равон шуду Зуҳалу Муштари бо дигар кавокиб он ҷо буданд, бо фармони Эзиди таоло олам дигаргун гашт. Чизҳои нав падид омад, монанди он, ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он вақтро дарёфтанд, маликони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро аз баҳри он, ки ҳар кас ин рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд. Ва чунин гӯянд, ки Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард. Ва чун як даври Офтоб бигашт, солро дар муддати сесаду шаступанҷ рӯз ба дувоздаҳ қисмат кард, хар бахше си рӯз. Ва ҳар якеро аз он номе ниҳоду ба фаришта бозбаст аз он дувоздаҳ фаришта, Эзиди таборак ва таоло эшонро бар олам гумоштааст.

Пас, он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шаступанҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзи аст, «Соле бузург» ном кард ва ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузургу нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст оин ва расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборак ва аз баҳри таърихро ва хуррами кардан ба аввали сол ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то наврӯзи дигар умр дар шоддӣ ва хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибаи ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд. Пас, Каюмарс ин муддатро бад-ин гуна ба дувоздаҳ бахш карду ибтидои таърих падид кард. Пас, он оин то ба рӯзгори Искандари Румӣ, ки ӯро «Зулқарнайн» хонданд, бимонд. Ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд то бар рӯзгори Ардашери Бобакон, ки ӯ кабиса карду ҷашн бузург дошт ва аҳднома бинвишт ва он рӯзро «Наврӯз» бихонд (давраи ҳукмфармоии сулолаи Сосониён солҳои 224 −651 дар Эрон дар назар аст). Ва ҳам бар он оин мерафтанд то ба рӯзгори Нуширвони Одил. Чун Айвони Мадоин тамом гашт, Наврӯз кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки оини эшон буд. Аммо кабиса накард ва гуфт: «Ин оин баҷо монад, то ба сари давр, ки Офтоб ба сари Саратон ояд, то он ишорат ки Каюмарс ва Ҷамшед карданд аз миён бархезад». Ин бигуфт ва дигар кабиса накард, то рӯзгори Маъмуни халифа. ӯ бифармуд, то расад бикарданд. Ва ҳар соле, ки Офтоб ба ҳамал омад, Наврӯз ид фармуд кардан.

— Наврӯзнома

Мири Наврӯз[вироиш]

Дар дарбори шоҳон низ ҷашни Наврўз ба мисли мардуми омма пешвоз гирифта мешуд. Дар ин рўз либоси дарбориён шакли хосае дошт ва дар тамоми маросими Наврўз бо ин либоси расмӣ зоҳир мешуданд ва ҳадяҳои гуногунро аз сар то сари мамлакатҳои тобеи худ қабул мекарданд.

Умари Хайём дар ин хусус чунин овардааст:

«Оини мулуки Аҷам аз Кайхусрав то рўзгори Яздигурди шаҳриёр охирин мулуки Аҷам буд, чунон будааст, ки рўзи Наврўз нахуст мубадони мубад пеши мулук омада, бо ҷоми заррини пурмай, ангуштарӣ, дираме ва динори хусравонӣ як даста хавиди (ғаллаву сабзаҷот) сабз ва руста, шамшере, тиру камоне, давоту қаламе, аспе, бозе, ғуломе ва хубрӯе ситоиш намудӣ ва ният кардӣ ўро ба забони порсӣ. Ба иборати ишон ва чун мубадони мубад аз охирин пардохтӣ чошани кардӣ (чашидан) ва ҷом ба малик додӣ ва хавид дар дасти дигараш ниҳодӣ ва динору дирам дар пеши тахти ў бинҳодӣ ва бад-ин сон хостӣ, ки рўзи Наврўз ва Соли нав, ҳарчи бузургони аввал дидор бар он афкананд, то соли дигар шодону хуррам бо он чиз дар комронӣ бимонанд»

— Наврӯзнома

.

Зери мафҳуми «хубрўе» Умари Хайём шахсеро дар назар дорад, ки номи дилписанде дошта, ба некўкорӣ маъруф буда, сурату зоҳири хеле зебо ва забони шевову ширин дошт. Вай ба дарбор омада, иҷозати ворид шуданро савол мекард. Подшоҳ аз куҷо будан ва ба куҷо равона шудани ўро мепурсид ва иҷозати дохил шудан медод.

Он шахс посух медод, ки

«аз сўи ду ҷой, ки хайру баракат ва саодат дар он ҷо аст, меоям ва мехоҳам ба ҷое, ки саодат ва баракат вуҷуд дорад, биравам ва касе, ки пирўз аст, маро ба ин ҷо овардааст. Номи ман Хуҷаста аст бо Соли нав омадаам ва барои подшоҳ армуғони саломат паём овардаам»

— Наврӯзнома

.[1]

Ин шахси хушқадам дар фарҳанги қадима бо номи «Фирўз» ва ё «Мири Наврӯз» маъруф буд, ки дар айёми ҷашн ҷомаи сурхи арғувонӣ ба бар мекард ва чеҳраи сиёҳ дошт. Чеҳраи сиёҳ рамзи талхиҳо ва сиёҳиҳои рўзгор буда, ҷомаи сурх маънои шодӣ ва сурурро дошт. Дар дасти ў доирае буд, ки маънои он «доираи зиндагӣ» буд. Вай армуғони осмониро аз ҳафт фуруҳар ва ё фариштаи осмонӣ, ки дар айёми Наврўз ба шеваи рамз мутаҷаллӣ мешуданд, ба подшоҳ ва мардум мерасонд. Баъд аз шодбошӣ дар назди шоҳ як тангаи нуқра ва ё тиллоро, ки дар атрофи он ҳафт ғаллаворӣ қарор дошт, мегузошт. Донаҳое, ки дар таҳияи нон дохил мешуданд, дар атрофи нонҳо чида шуда буданд. Дар байни ҳафтшин шохае аз зайтун ё анор ҷой дода мешуд. Ҳар як шохаҳо дорои шаддаҳо буда, ҳар кадоми шохаҳо номи яке аз кӯзаҳои холӣ ба худ дошта буданд ва ин кўзаҳое буданд, ки Мири Наврўз бо ҳамроҳи худ онҳоро ба дарбор оварда буд. Мири Наврўз хўрданиҳоро аз суфраи ҳафтшин мехўрд ва сипас барои саломатӣ ва иззати шоҳ дуо мекард. Дар бисёр аз матнҳои куҳан аз Мири Наврўз номбар шуда, ўро шахси мазҳакабоз ва масхарабоз низ меномиданд. Ҳангоми наздики шоҳ омадан вайро ҳатман ба тахт мешинонданд ва дар айёми Наврўз вай ба салтанати чандрўза мерасид. Ба ибораи дигар шоҳ дар рўзҳои наврўзӣ қудрати давлатдориро ба дасти Мири Наврўз медод. Мири Наврўзӣ ба як даст худро бод медод ва дар дасти дигар бози сафед ва дар бар шамшер мегирифт. Ин намоиши бозгашти Мири Наврўзӣ аз набард ва шикаст додани душманон буд. Мардум ўро бо таблу карнай истиқбол мекард.

Мутобиқи эътиқодоти бостонӣ Мири Наврўзӣ то поёни «сездаҳ бадар», ки рўзи охирин ҷашни Наврўз аст, дар шаҳру деҳот гашта, ҳукумат мекард ва камбудиҳои мавҷударо ба саҳнаи мазҳакаи Наврўзӣ мекашонд. Вай роҳбарон ва кормандони давлатиро ба адлу инсоф ва покиву садоқат даъват мекард. Мири Наврўзӣ ба ҳар хонае, ки мехост, ворид мешуд, зеро дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд. Ба ҳар хонае, ки мерафт, бояд соҳиби хона ба ў ҳадяе медод ва ба таноби дасташ туҳфае овезон мекард. Дар ин айём агар духтари бахтбаргашта дар хонае мебуд, бо наздик шудани Мири Наврўзӣ ба он хона, духтар дар утоқе пинҳон шуда, гиреҳҳое бар миёни (чорқади) хеш мезад. Модари духтар аз хона берун омада, кўдаки ноболиғеро аз ҳамроҳону корвони Мири Наврўзӣ ба дохили хона мебурд, то он гиреҳҳоро кушояд. Ин худ рамзи кушоиши бахти духтарон буд. Дар ин рўз духтарони ба балоғат расида аз Аҳурамаздо дуо талаб мекарданд, ки бахташон сафед ва соҳиби хонадони босаодат гарданд.

Мувофиқи эътиқоди куҳан аввалин касе, ки дар бомдоди иди Наврӯз бояд ба хонаҳояшон ворид мешуд, ин марди хушқадам буд. Вай баъд аз ворид шудан бояд дубора аз дари хона берун мешуд ва аз нав ба хона боз мегашт. Далели ин расму оин аз он иборат буд, ки дар фарҳанги гузашта мардон таъминкунандаи рўзгори хонавода ва рамзи рўзиву баракат маҳсуб мешуданд. Пас вуруди онҳо нишонаи ин буд, ки то поёни сол рўзӣ ва хайру баракат дар ин хона бошад. Саҳнаи рафтани мард ва дубора бозгаштани вай ба хона низ рамзе аз рафту бозгашти ризқу толеъ ба хонадон аст. Ба ибораи дигар бо ин рафтори рамзӣ то поёни сол рўзӣ ва хайру баракат аз ҳамон даре, ки мард даромада меояд, меравад ва боз мегардад.

Хешу табори шоҳ, роҳбарони воломақом ва фармондеҳони артиш дар рўзи чаҳорум ба назди вай даъват мешуданд. Аъзои хонадон ва фарзандону наздикони шоҳ дар рўзи панҷум ба дидори шоҳ ва пазироии Наврўз мерафтанд. Рўзи шашуми Наврўз шарафёбии надимон ва мушовирон аз дарбор буд. Аз бомдоди иди Наврўз то шомгоҳи дувоздаҳуми фарвардин аъзои оила ба дидори якдигар мерафтанд. Хурдҳо ҳатман аз аҳволи бузургони хона бохабар мешуданд ва калонсолон дар навбати худ ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекарданд.[2]

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]